Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҳамоиши якуми “Осиёи Марказӣ ва Италия” бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки татбиқи мувофиқаҳои як сол пеш дар Рим ҳосилшуда, омили рушди минбаъдаи робитаҳо хоҳад буд.
Ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетика, саноат ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Истифодаи имкониятҳои бахши истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок, коркарди амиқи пахта ва содироти маҳсулоти тайёр, ҷалби сармоя ва воридоти технология, аз самтҳои ояндадор номида шуд.
Тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва варзиш, маориф, ҷудо кардани бурсияҳои донишҷӯӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин, кушодани филиалҳои мактабҳои таҳсилоти олии Италия дар кишвари мо аз мавзуъоти муҳими суҳбат буд.
Ба рушди робитаҳо дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ, ҳамкории муштарак барои ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои таъмини амнияти минтақавию глобалӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Дар фароварди суҳбат Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хонум Ҷорҷа Мелони даъват намуданд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф оранд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






