Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 10.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон муҳтарам Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Сарфарозам ба Шумо ба муносибати интихоб шуданатон ба мақоми олии Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон табрикоти самимии инҷонибро расонам.
Бароятон саломатии комил, саодатмандӣ ва ба хотири пешрафту шукуфоии Олмони дӯст ва ҳамзамон таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳои рӯзафзун орзумандам.
Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои фарогир бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон бори дигар таъкид намоям. Дар ин замина мо аз идомаи босамари муколамаи сатҳи олӣ ва баланди ду кишвар дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн истиқбол мекунем.
Бар ин боварам, ки бо саъю талошҳои муштараки созанда мо метавонем ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани мазмуну мундариҷаи шарикии гуногунҷанбаи ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон тадбирҳои бештар амалӣ андешем».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд






