Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Попи Рум Роберт Фрэнсис Превост, Лео XIV барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Май 10, 2025 21:10

ДУШАНБЕ, 10.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Попи Рум Роберт Фрэнсис Превост, Лео XIV барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Волоҳазрат,

Сарфарозам ба Шумо табрикоту таҳнияти самимии хешро ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Попи Рум, роҳбари тамоми Калисои католикӣ иброз намоям.

Итминон дорам, ки Тахти муқаддас таҳти ҳидоятҳои бунёдкоронаи Шумо дар роҳи татбиқи фарогири усулҳои сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ, ризоияти умум, пешбурди арзишҳои умумибашарӣ ва муколамаи миёни тамаддунҳо   минбаъд ҳам саҳми босазо гузошта, мақому манзалати хоссаи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким хоҳад бахшид.

Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди густаришу тавсеаи робитаҳои ҳасана бо Ватикан дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб мебошад.

Мо омодаем, ки ба хотири идомаи ҳамкории созанда бо Ватикан, ки дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ, ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми якдигар роҳандозӣ гардидааст, дар оянда низ талошҳои муштараки самарабахшро ба харҷ диҳем.

Бо истифода аз ин фурсат барои Шумо сиҳатмандии бардавому саодати рӯзгор ва дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳо орзу менамоям».

Май 10, 2025 21:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон