Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ рӯзномаи ҷории равобити ду кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо саҳми Покистонро дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим қадр мекунем.
Аз рушди бемайлони муносибатҳои кишварҳо изҳори қаноат карда шуда, муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар заминасози ин раванд номида шуд.
Дар робита ба тамоюлҳои таҳаввулоти ҷиддӣ ва афзоиши нооромиҳо дар минтақаҳои гуногуни сайёра тақвияти беш аз пеши ҳамкорӣ дар арсаҳои мудофиа ва амният муҳим шумурда шуд.
Ҷонибҳо ба густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, бахусус дар бахшҳои энергетика, коммуникатсия ва нақлиёт таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Аҳамияти муҳими тарҳи CASA-1000 ҳамчун пайвандгари минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ таъкид карда шуд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон барои такмили пайвастагии минтақавӣ алоқаманди тавсеаи роҳҳои ҳавоӣ, оҳан ва мошингард, ҳамчунин дастрасӣ ба бандарҳои Покистон мебошад.
Барои тавсеа бахшидан ба ҳамкории иқтисодӣ идомаи фаъолияти самарабахши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, Шӯрои муштарак ва Форуми навбатии соҳибкорони Тоҷикистону Покистон маъқул дониста шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд






