Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд

Май 29, 2025 19:22

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ рӯзномаи ҷории равобити ду кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо саҳми Покистонро дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим қадр мекунем.

Аз рушди бемайлони муносибатҳои кишварҳо изҳори қаноат карда шуда, муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар заминасози ин раванд номида шуд.

Дар робита ба тамоюлҳои таҳаввулоти ҷиддӣ ва афзоиши нооромиҳо дар минтақаҳои гуногуни сайёра тақвияти беш аз пеши ҳамкорӣ дар арсаҳои мудофиа ва амният муҳим шумурда шуд.

Ҷонибҳо ба густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, бахусус дар бахшҳои энергетика, коммуникатсия ва нақлиёт таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Аҳамияти муҳими тарҳи CASA-1000 ҳамчун пайвандгари минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ таъкид карда шуд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон барои такмили пайвастагии минтақавӣ алоқаманди тавсеаи роҳҳои ҳавоӣ, оҳан ва мошингард, ҳамчунин дастрасӣ ба бандарҳои Покистон мебошад.

Барои тавсеа бахшидан ба ҳамкории иқтисодӣ идомаи фаъолияти самарабахши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, Шӯрои муштарак ва Форуми навбатии соҳибкорони Тоҷикистону Покистон маъқул дониста шуд.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф 29.05.2025

Май 29, 2025 19:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд