Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз Мафалда Дуартеро ба ҳузур пазируфтанд

Май 30, 2025 12:26

ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз Мафалда Дуартеро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки Бунёди иқлими сабз ба татбиқи ҳадафҳои конфронс ва пешбурди талошҳои глобалӣ баҳри пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо мусоидати муассир хоҳад кард.

Ба масъалаи татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, таъмини устуворӣ дар муқобили хатарҳои табиӣ, рушди бахши хусусӣ ва беҳтар намудани хизматрасонӣ дар бахши обуҳавошиносӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Май 30, 2025 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд