Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммадро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо туфайли ҳамкории босамари Тоҷикистону Созмони Милал ташаббусҳои кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдории васеъ ёфтаанд.
Ба масъалаҳои рӯзномаи нахустин конфронси сатҳи баланд оид ба пиряхҳо, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои таъмини сулҳу субот дар саросари ҷаҳон пайваста бо шарикони байналмилалӣ, бахусус ниҳодҳои Созмони Милал ҳамкории босамар дорад.
Ҳамкории созанда ва густурда бо Созмон дар самти обу иқлим ва ташаббуси навбатии муҳими байналмилалии Тоҷикистон якҷо бо Ҷумҳурии Фаронса оид ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумӣ доир ба “Даҳсолаи илмҳои криосферӣ” аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.









Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд






