Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ, котиби иҷроияи ЭСКАТО Армида Салсиаҳ Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Армида Салсиаҳ Алишаҳбанаро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо саҳми Созмон, махсусан ниҳоди иқтисодию иҷтимоии онро дар рушди бахшҳои мухталифи кишварҳо муҳим медонем.
Ба ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир, аз ҷумла рӯзномаи обу иқлим ва қабули қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистон дар мавзӯи “Тақвияти ҳамкорӣ дар масоили обу иқлим дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором” таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Рушди инфрасохтор ва таъсиси марказҳои логистикии минтақавӣ, дастрасӣ ба нерӯи устувор, пешрафти соҳаҳои кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ аз иҷрои барномаҳои Комиссия дар бахшҳои вомбаргҳои сабз, тиҷорати байнисарҳадии бидуни коғаз, маблағгузории бахши энергетика, ҳолатҳои фавқулода, ҷалби сармоягузорони мустақим, татбиқи технологияи рақамӣ, дастгирии лоиҳаи нақлиёти сабз қаноатманд мебошад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд






