Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ, котиби иҷроияи ЭСКАТО Армида Салсиаҳ Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд

Май 29, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Армида Салсиаҳ Алишаҳбанаро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо саҳми Созмон, махсусан ниҳоди иқтисодию иҷтимоии онро дар рушди бахшҳои мухталифи кишварҳо муҳим медонем.

Ба ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир, аз ҷумла рӯзномаи обу иқлим ва қабули қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистон дар мавзӯи “Тақвияти ҳамкорӣ дар масоили обу иқлим дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором” таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Рушди инфрасохтор ва таъсиси марказҳои логистикии минтақавӣ, дастрасӣ ба нерӯи устувор, пешрафти соҳаҳои кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ аз иҷрои барномаҳои Комиссия дар бахшҳои вомбаргҳои сабз, тиҷорати байнисарҳадии бидуни коғаз, маблағгузории бахши энергетика, ҳолатҳои фавқулода, ҷалби сармоягузорони мустақим, татбиқи технологияи рақамӣ, дастгирии лоиҳаи нақлиёти сабз қаноатманд мебошад.

Мулоқот бо муовини Дабири кулли СММ, котиби иҷроияи ЭСКАТО Армида Салсиаҳ Алишаҳбана 29.05.2025

Май 29, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд