РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Душанбе байни кормандони вазорату идораҳо мусобиқаи кушод оид ба футболи хурд оғоз шуд

Май 20, 2025 09:18

ДУШАНБЕ, 20.05.2025  /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату кумита, раёсат, ташкилоту муассиса ва корхонаю ҷамъият барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ оғоз гардид.

Ёдовар мешавем, ки Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол аз 19 то 25 май дар саросари Тоҷикистон  чорабиниҳои муҳим дар самти оммавӣ гардонидани футбол, таҳкими нақши он дар ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба нақша гирифта шудаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ба барномаи ҳафтаи футбол, ки ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида шудааст, якчанд  чорабинӣ дохил карда шудааст:

— зиёда аз 25 фестивали футбол барои кӯдакон дар тамоми минтақаҳои мамлакат;

— бозии ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия;

— рақобат барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода;

— бозиҳои силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025;

— оғози мавсими нави Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон;

— мусобиқаҳои кӯдакону наврасон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ;

— астер-классҳо бо иштироки бозигарони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон;

Федератсияи футболи Тоҷикистон тамоми ҳаводорони варзиш, ҷавонон, мураббиён, мутахассисон ва мухлисонро даъват менамояд, ки дар таҷлили  Рӯзи ҷаҳонии футбол иштирок намуда, дар рушди фарҳанги футболи мамлакат саҳм гузоранд.

Хотиррасон менамоем, ки маҳз бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.

 АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 20, 2025 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд