Раймундас Кароблис: «Шурои ҷавонон барои Осиёи Марказӣ ташкил карда мешавад»
ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шурои ҷавонон барои Осиёи Марказӣ ташкил карда мешавад, ки дар он ҷавонон метавонанд нуқтаи назари худро доир ба масъалаи обу иқлим баён намоянд. Муҳлати гузоштани дархост барои иштирок дар Шуро то 15 июни соли 2025 муқаррар гардидааст. Дар ин хусус Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис 29 май зимни баргузории Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо (Тавонмандсозии насли оянда: садоҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва иқдоми иқлимӣ) иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар форум Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки “шумораи зиёди аҳолиро наврасону ҷавонони аз 10 то 24-сола ташкил медиҳанд. Ҷавонони асри 21, ки асри технологияи иттилоотӣ аст, донандаи илму технология мебошанд. Ба ин хотир онҳо метавонанд тағйироти бузургеро дар соҳаи обу иқлим ба миён оранд. Иттиҳоди Аврупо ҳамин гуна ташаббусҳои ҷавононро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамояд”.
Иброз гардид, ки пиряхҳо манбаи об барои кишоварзӣ, оби нӯшокӣ ва манбаи энергия мебошанд. Дар Тоҷикистон об ва пиряхҳо масъалаи ҳаётан муҳим ба ҳисоб мераванд.
«Ин масъала моро ба ташвиш меорад, зеро тағйирёбии вазъи ҳаво ба обшавии пиряхҳо таҳдид менамояд. Обшавии пиряхҳо ба оянда ва ҷавонон низ таъсир мерасонад. Инчунин норасоии об боиси ба вуҷуд омадани мушкилот дар соҳаи кишоварзӣ, саноат ва сар задани бемориҳои гуногун мегардад. Аз ин рӯ барои пешгирии ин ҳолат мо бояд аз имрӯз омодагӣ бинем», -гуфт Раймундас Кароблис.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






