«Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ то 80 фоиз тахфиф пешниҳод намуд

Май 23, 2025 17:35

ДУШАНБЕ, 23.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 20 вагони холиро дар ҳудуди истгоҳҳои роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ», «Хатлон» ва «Шаҳритус» барои содироти пиёз омода карда, барои интиқолдиҳандагон ва нигоҳубини ҳосил тамоми шароитро фароҳам овардааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Инчунин дар маҷмааи нақлиётӣ-нигоҳдории шаҳри Левакант барои бастабандии пиёз биноҳо ҷудо карда шуда, маҷмаа дар мавзеи мувофиқ нисбат ба роҳи автомобилӣ ва роҳи оҳан ҷойгир шудааст. Ин имкон медиҳад, ки воситаи мустақими боркунии «автомобил – вагон» истифода бурда шавад.

Ҳамзамон Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» беш аз 60 нафарро аз ҳисоби кормандон, инчунин занони хонанишин аз шаҳрҳои Бохтар, Левакант ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба корҳои бастабандӣ, боркунӣ ва борфарорӣ ҷалб намудааст.

Барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ тавассути истгоҳҳои роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ», «Хатлон» ва «Шаҳритус» корхона то 80 фоиз тахфиф пешниҳод намуда, уҳдадор шудааст, ки борро дар муҳлати муқарраршуда то истгоҳи «Келес»-и Узбекистон расонад. Маъмурияти «Роҳи оҳани Узбекистон» низ барои содироти пиёз то 60 фоиз тахфиф эълон кардааст.

Ба ҳолати то 21 майи соли 2025 аз ҷониби истгоҳҳои роҳи оҳани вилояти Хатлон 4 вагон ё 240 тонна пиёзи барвақтӣ содир карда шудааст.

Дар вилоят пиёзи барвақтии навъи ватании «Ҷайҳун» парвариш карда мешавад, ки ҷамъоварии ҳосили он қариб анҷом меёбад. Танҳо дар ноҳияи Панҷ барои он 370 гектар ҷудо карда шудааст. Хоҷагиҳои фермерӣ тасмим гирифтаанд аз ин миқдор замин на камтар аз 10 ҳазор тонна ҳосили босифат ҷамъоварӣ карда, маҳсулоташонро на танҳо ба бозори дохилӣ бароранд, балки ба кишварҳои ҳамсоя – Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ содир намоянд. Дар сатҳи вилоят имсол дар 14 054 гектар пиёз кишт карда шуда, деҳқонон ният доранд, ки 473 131 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар-машварати ҷумҳуриявӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки 17 май дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, изҳор доштанд, ки «вилояти Хатлон дорои иқтидори бузурги содироти меваю сабзавот, бахусус сабзавоти барвақтӣ мебошад, аммо истифодаи пурраи ин имконият ҳанӯз ба даст наомадааст».

Дар робита ба ин Сарвари давлат зарурати тақвияти корҳо оид ба сохтмони ду маркази агрологӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Ҷалолиддини Балхиро барои васеъ кардани иқтидори содиротӣ таъкид намуданд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба содироти пиёзи барвақтӣ ба кишварҳои хориҷӣ гурӯҳи корӣ таъсис додааст. Аъзои гурӯҳ бо сарварии роҳбарияти вазорат ба вилояти Хатлон сафар анҷом дод.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 23, 2025 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд