Робитаҳои илмӣ-академӣ байни муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия тақвият меёбанд
ДУШАНБЕ, 21.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвияти робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва ҷалби довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ва Донишгоҳи давлатии Қабардину Балқар ба номи Х.М. Бербеков шартномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази барномаҳои байналмилалӣ хабар доданд.
Зимни ба имзо расонидани шарнома директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ Рамазон Одиназода ва ноиби ректор оид ба корҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Қабардину Балқар Албина Виндижева мақсади асосии ин санадро таҳкими ҳамкории судманд дар самти ҷалби донишҷӯён аз Тоҷикистон барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Қабардину Балқар ба номи Х.М. Бербеков ва баланд бардоштани сатҳи омодагии онҳо тибқи меъёрҳои байналмилалии таълим арзёбӣ намуданд.
Ин шартнома ба густариши имконоти таълимӣ барои ҷавонони тоҷик, ҳамзамон рушди равобити илмӣ-академӣ байни муассисаҳои таълимии Тоҷикистону Федератсияи Русия мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии Қабардину Балқар ба номи Х.М. Бербеков яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Федератсияи Русия ба ҳисоб рафта, бо таърихи ғанӣ ва таҷрибаи бойи омодасозии кадрҳои баландихтисос дар самтҳои гуногуни илм шинохта шудааст.
АКС: Маркази барномаҳои байналмилалӣ








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






