Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Академияи дипломатии Анвар Гаргаши Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд

Май 7, 2025 09:06

ДУШАНБЕ, 07.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 май дар шаҳри Абузабӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Директори генералии Академияи дипломатии Анвар Гаргаши Амороти Муттаҳидаи Араб Николай Младенов вохӯрӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон ва Аморот дар самти бозомӯзии кормандони хизмати дипломатиро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо баргузории даврҳои омӯзишӣ барои намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷалби шаҳрвандони ҳарду мамлакат барои таҳсил дар академияҳои дипломатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкили чорабиниҳои муштараки илмӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳиро муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб

Май 7, 2025 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд