Сафири Тоҷикистон бо Мудири иҷроияи Маркази пажӯҳишӣ ва машваратии «TRENDS»-и Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 14.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 май дар шаҳри Абузабӣ мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Мудири иҷроияи Маркази пажуҳишӣ ва машваратии «TRENDS»-и Амороти Муттаҳидаи Араб Доктор Муҳаммад Абдулло Ал-Алӣ доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо мавзуи тавсеаи ҳамкорӣ байни марказҳо ва институтҳои таҳқиқотии Тоҷикистон ва Маркази пажӯҳишӣ ва машваратии «TRENDS»-ро бо назардошти имконият ва зарфияти фаровони ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо инчунин оид ба масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист, норасоии оби тоза ва коҳиш додани зарари он ба иқтисоди давлатҳо табодули андеша намуданд.
Дар мулоқот муколамаи интерактивӣ баргузор гардид. Сафир дар ҳузури пажӯҳишгарони Марказ оид ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим, аҳаммияти баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе, 29-31 майи соли 2025) ва дастовардҳои муносибатҳои дипломатӣ байни ду мамлакат давоми 30 сол сухан намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб








Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд






