«Саноатсодиротбонк» бо Бонки содиротию воридотии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид

Май 21, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 21.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ва Бонки содиротию воридотии Арабистони Саудӣ (Saudi Exim) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре аз Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки исломии рушд вохӯрии Раиси Раёсати  Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода бо муовини раиси Бонки содиротию воридотии Арабистони Саудӣ (Saudi Exim) Наиф аш-Шаммарӣ баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба маблағгузории содиротӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҳамзамон мубодилаи иттилоот оид ба амалияҳои беҳтарини фаъолияти бонкӣ ва табодули таҷриба байни кормандони ду ниҳод  мубодилаи афкор намуданд.

Баимзорасонии ин санад  фаъолияти иқтисодии хориҷии бонкро боз ҳам густариш дода, дар пешниҳоди маҳсулоти нав ва хизматрасонии босифат ба мизоҷон саҳми арзанда мегузорад.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Май 21, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2330 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1121 сомонӣ муқаррар гардидааст
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад