Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ИСЕСКО Салим ал-Моликро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) Салим ал-Моликро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои фарҳанг, илм ва маориф бо шарикони байналмилалӣ, аз қабили ИСЕСКО таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад.
Таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои омӯзиши мероси ғайримоддӣ, тарғиби ҳунарҳои суннатӣ ва таҳкими заминаҳои илмии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ аз мавзуъоти муҳими суҳбат буд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон омода аст, бо такя ба мероси ғании илмиву фарҳангии худ дар ҳамкорӣ бо ИСЕСКО ба рушди фазои фарҳангиву илмии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ҳамчунин, соҳаи маориф минбаъд ҳам саҳмгузор бошад.









Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд






