Сарвазири Тоҷикистон бо президенти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд

Май 20, 2025 15:05

ДУШАНБЕ, 20.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо президенти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ Ҳасан Ал-Ҳувайзӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ карда шуд. Ҳарду ҷониб алоқамандии худро ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ таъкид намуданд.

Дар ин замина тақвияти ҳамкорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ зарур дониста шуд.

Инчунин оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваю сабзавот, асал, нахи пахта ва содироти оби нӯшокӣ табодули афкор анҷом дода шуд.

Май 20, 2025 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд