«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ паёмовари руҳи ҷовидони миллати тоҷик аст

ДУШАНБЕ, 26.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон дастур доданд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас карда шавад.
7 марти соли равон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе аввалин нусхаҳои нашри пурраи «Шоҳнома»-ро ба занону модарон тақдим намуданд.
Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон», сардабири маҷаллаи «Адаб», номзади илми филология Шодӣ Шокирзода доир ба «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ чунин ибрози назар намуд:
-Таърихро барҳақ хотираи инсоният меноманд ва омӯхтани он танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат менамояд. Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «муроҷиат ба таърих ва адабиёти халқамон ба он хотир аст, ки мо бояд ба ояндагон зарурати таҳкими ваҳдати миллиро ба аҳли ҷомеа мунтазам талқин намоем. Бо итминони комил метавон гуфт, ки баргузории чорабиниҳои вобаста ба бузургдошти марказҳои бостонӣ ва чеҳраҳои таърихию адабии гузашта ба бисёре аз саволҳое, ки ҳар рӯз мо ба онҳо рӯ ба рӯ мешавем, посухи сазовор медиҳанд. Аз ин рӯ, дар даврони давлатсозии миллӣ мо бояд гаштаю баргашта ба таҷрибаи таърихии халқамон, аз ҷумла осори таърихию адабии гузаштагонамон муроҷиат намоем ва аз ин мероси гаронбаҳо самаранок истифода кунем».
Бешубҳа, миллат агар шахсиятҳои бузург надошта бошад, худшиносии дуруст ҳам дошта наметавонад. Ҳамчунин агар миллат тафаккури солим надошта бошад, ба гирдоби ҷаҳолат ғӯтавар гашта, аз аслу решаи хеш канда мешавад. Ба қавли Пешвои миллат, «мо ба гузашта ба хотири парастиши содалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти руҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушоямон, ки дар дарозои таърих ба иқдоми нав камар баста, ба дастовардҳои бузург ноил гаштаанд, рӯй меоварем. Зеро сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддун ва мероси фарҳангии ниёгон, поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад. Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд».
Қобили тазаккур аст, ки аз воқеот ва зиндагиномаи ашхоси таърихӣ ҷустани решаҳои фарҳанги бунёдӣ ва онҳоро дар муқоиса бо фарҳангҳои бузурги ҷаҳонӣ дар меҳвари таҳқиқу баррасии густурда қарор додан ҳикмати нави таърих ва таърихнигории давлатдории давраи нави тоҷиконро падид овард, ки меҳвари аслии он дарку шинохти амиқу саҳеҳи тамаддуни деринсоли аҷдодӣ ва аз он ба ҳайси дастури роҳнамои муҳими ахлоқӣ кор гирифтан мебошад. Асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих» (иборат аз чаҳор китоб), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Мавлонои Балхӣ ва тамаддуни башарӣ», «Забони миллат — ҳастии миллат» (дар ду китоб), «Чеҳраҳои мондагор» ва амсоли инҳо аз ҷумлаи пажуҳишҳои пурвусъату бунёдие ҳастанд, ки ба қалами Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутааллиқ мебошанд.
Ба як сухан, имрӯз исми Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷудо аз ҳам тасаввур намудан ғайриимкон аст ва ҳамаи комёбиҳое, ки мардуми тоҷик дар давраи истиқлоли мамлакат ба онҳо даст ёфтаанд, ба ному фаъолияти ин шахсият вобаста мебошанд.
Моҳи сентябри соли 1994, дар замоне ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба таври комил дар ҷумҳурӣ хомӯш нагардида буд, бо ибтикори Сарвари давлати тоҷикон ба ифтихори ҳазорумин соли таълифи «Шоҳнома» дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид. Ба ин асари муҳташам, ки онро муҳаққиқон ҳампоя ва ё бартар аз таълифоти ҷовидонии бани башар, амсоли «Одиссея»-ву «Илиада»-и Ҳомер (Юнон), «Энеид»-и Вергилий (Рим), «Маҳзакаи илоҳӣ»-и Данте (Итолиё), «Биҳишти гумшуда»-и Ҷон Милтон (Англия), «Мессиада»-и Клопшток ва «Суруди Нибелунгҳо» (Олмон), «Маҳабҳарата»-и Виаса (Ҳиндустон), «Сирати Антара» (Арабистон) шумурдаанд, муроҷиат намудаашон бесабаб набуд. Зеро ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Фирдавсӣ «яке аз тавонотарин донандагони таърихи аҳди куҳан» буда, «Шоҳнома» бузургтарин достони асотирию адабӣ ва таърихист, ки сарнавишти талху ширин ва таърихи подшоҳии беш аз 50 шоҳаншоҳи ориёинажодро дар бар гирифтааст». Он танҳо «достони ҳазорсолаи фаромӯшгашта нест, балки акси садои ниёгони мост, ки дар дилу дидаи халқи шоирпарвару шеърдӯсти тоҷик зинда аст. Гуфтори ноб, лафзи поку бегазанд, ҳусни калом ва нафосати сухани ин шоҳасари безаволро мардуми мо асрҳо пос доштаву пос медоранд. Баъзан дар дурдасттарин гӯшаҳои Тоҷикистон, алалхусус дар шеваи гуфтори сокинони баландкӯҳи Бадахшону Яғноб, Зарафшону Хатлон, Хуҷанду Истаравшан, Ҳисору Раштонзамин нишонаҳоеро мебинем, ки ба руҳу равон ва асолати тоҷиконаи мо басе созгор аст ва аз он бӯи «Шоҳнома»-и безавол меояд».
Пешвои миллат зимни таълифи рисолаҳои пурмояи «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» борҳо ба «Шоҳнома»-и Донои Тӯс муроҷиат намуда, барои тақвияти андешаҳояшон аз ин шоҳкори азим ба ҳайси санаду сарчашмаи ҳаққониву ростин далелҳо овардаанд.
Пешвои миллат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» Абулқосим Фирдавсиро «ситоишгари адлу ростӣ ва нуру хирад» номида, таъкид менамоянд, ки «Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ, ривояту афсона нест. Ин асар пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Аз достонҳои ҷангӣ, ишқӣ ва нақлу ривоёти «Шоҳнома» мо таърихи пурифтихори халқҳои ориёинажод, суннат ва анъанаҳои мардум, одоби зисту зиндагӣ, оини мамлакатдорӣ, раиятпарварӣ, ватандӯстӣ, таъмини истиқлоли мамлакат, озодӣ ва озодагӣ, маънои ҷангу сулҳ ва шинохтани ҳаққу ботил, пирӯзии нур бар зулмот, мардумшиносӣ, ҳаллу фасли мушкилоти байни давлатҳо, бемаъно будани ихтилофоти динию мазҳабӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва дӯстию рафоқатро меомӯзем».
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳаким Фирдавсиро инсони покнажоду покгуҳар, султони шеъру адаби форсигӯёни ҷаҳон, ҳамосасарои нобиға ва бузургтарин донандаи таърих ва зиндагиномаи гузаштагон меҳисобанд, ки таърихи чандинҳазорсоларо дар дилу дидаи оламиён аз нав эҳё намуда, аз қисмату сарнавишти мардони бузурги таърихи мо ва рӯйдодҳои зиндагӣ натиҷаҳо бардошт ва ҳосили ин бардошт панду андарз ва хулосаҳои саршор аз ҳикмат аст, ки моро ба роҳи ростӣ ҳидоят менамоянд.
Ба таъкиди Сарвари давлат, ҳазор сол боз мардуми мо аз шеъри Фирдавсӣ ғизои руҳу ҷон, панду ҳикмат, ахлоқи ҳамида мебардоранд, ба ҳар дардашон даво, ба тани ранҷурашон шифо меёбанд, тавассути шеъри ӯ мушкилоташонро осон мекунанд. Вале мутаассифона, мардуми тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба дасисаи аҳриманӣ гирифтор шуда, панду андарз ва даъватҳои шуълавари шоири бузурги хешро аз ёд бурданд, даст ба домони якдигар заданд, иддае ҳам ба харобкориву хунрезӣ даст заданд. Барҳақ, «фардои дурахшон ва хушбахтию некномии миллати мо танҳо аз ваҳдат, ягонагию якзабонӣ ва мусолиҳаи миллӣ вобаста аст ва агар мо ин корро накунем, руҳу арвоҳи бузургонамон, бахусус руҳи Фирдавсӣ ҷовидон аз мо домангир хоҳад буд».
Дар даврони истиқлол ба хотири гиромидошти Ҳаким Фирдавсӣ ва ташвиқу тарғиби осори ӯ иқдоми басе судманд амалӣ гардид. Пеш аз ҳама, «Шоҳнома»-и безаволи шоир аз силсилаи «Ахтарони адаб» дар даҳ ҷилд бо сифати баланд чоп шуда, дар хизмати ҳаводорони осораш қарор гирифт. Як ноҳияи пойтахти ҷумҳурӣ номи ин шоири оламшумулро дорад ва муҷассамаи бузурги Абулқосим Фирдавсӣ пештоқи боғи калонтарини истироҳатии ҳамномашро ороиш медиҳад ва ин қадрдониҳо бо ташаббуси Пешвои миллат амалӣ гардидаанд.
Ҳамагон огоҳем, ки аз ҷониби баъзе давлатҳо ва ҷамъияту созмонҳои алоҳида ба хотири тарғиби дину оин ва фирқаву равияҳои алоҳидаи эътиқодӣ ба мардум китобҳои диниву мазҳабиашонро бепул тақдим мекунанд. Вале аз ростӣ, ман дар ҷойе нахондаву нашунидаам, ки аз ҷониби давлат ва ҳукумате ба ҳамаи оилаҳои он мамлакат китобҳои илмиву бадеие, ки ҳадафашон холисонаву беғараз маҳз баланд бардоштани савияи донишу маърифат ва худогоҳиву хештаншиносии мардум бошад, эҳдо карда шавад. Тақдими теъдоди зиёди китоби муқаддаси Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ ба аҳолӣ ва ба ҳар хонадон эҳдо шудани китоби «Тоҷикон» бозгӯи он аст, ки Пешвои миллат мехоҳанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо фарзандони фарзонаи миллат, саҳми беназири онҳо дар рушди тамаддуни умумибашарӣ ифтихор намоянд, осори гаронбаҳои онҳоро омӯзанд ва ҳикмати ҷовидонаи абармардони миллии худро қутбнамои рӯзгори хеш қарор диҳанд.
Иқдоми навбатии Президенти мамлакат дар хусуси бо сифати баланд чоп намудани «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ва ба ҳар хонадон тақдим намудани он иқдоми нави наҷибест, ки барҳақ, дар тарғиби мафкураи миллӣ ва идеяҳои ватандӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва пойдории забони давлатӣ ҳамчун бақои миллат нақши шоиста хоҳад гузошт. Воқеан, «агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳама андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал намоем, барои оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем ва нагузорем, ки байни мо тухми нифоқу кина бикоранд».
Мардуми тоҷик, ки ба каломи созандаву миллатсози Фирдавсӣ ихлосу иродати фаровон доранд, аз ин туҳфаи барояшон бисёр азиз хеле хушнуд гардида, бо азму ғайрати дучанд ба омӯзиши ин шоҳасари ҷовидонӣ мепардозанд. Ин иқдоми наҷиби Сарвари хирадманди ҷумҳурӣ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърихи миллату сарзамин бо ҳарфҳои зарин ҷовидона ба ёдгор хоҳад монд.
АКС аз манбаъҳои боз