ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 май, панҷшанбе, 128-умин рӯзи соли 2025 аст
8 майи соли 1954 Конфедератсияи футболи Осиё таъсис дода шудааст. Конфедератсияи футболи Осиё 47 ассотсиатсияи миллии футболи кишварҳои минтақаи Осиё ва Австралияро дар бар мегирад. Федератсияи миллии футболи Тоҷикистон дар ҳайати Конфедератсияи футболи Осиё мавқеи шоиста дорад.
***
8 майи соли 2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳои ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
***
8 майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Русия ва Қирғизистон ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд.
***
8 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд.
***
8 майи соли 2018 дар Душанбе масоили муҳими рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Корея муҳокима гардид.
***
8 майи соли 2021 дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд. Зимни мулоқот маҷмуи масъалаҳои мубрами муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикии стратегии ду давлат, ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор доштанд.
***
8 майи соли 2023 дар Душанбе ҷаласаи якуми Шурои кории Тоҷикистон ва Туркманистон, форуми тиҷоратӣ ва намоишгоҳ баргузор гардид.
***
8 майи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба ба «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ташриф оварданд.
8 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Дар Ҷумҳурии Корея –Рӯзи модар
***
Рӯзи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






