Тоҷикистон ҳамчун мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 барои тимҳои олимпӣ (U-23) тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) мизбонони бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни ҷавонони то 23-соларо эълон намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозиҳои даври интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23) дар ёздаҳ кишвар: Тоҷикистон, Камбоҷа, Чин, Индонезия, Урдун, Қирғизистон, Мянмар, Қатар, Тайиланд, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ветнам баргузор мешаванд.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23) 44 даста иштирок мекунад. Аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ ёздаҳ гурӯҳ ташкил карда мешавад. Ғолибони гурӯҳҳо ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни ҷавонони то 23-сола аз 1 то 9 сентябри соли равон баргузор мешавад. Рақибони дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар гурӯҳ 29 май муайян карда мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид






