Тоҷикистон ба ҳайати Комиссияи панаврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои иқлим ва тандурустӣ дохил шуд

Май 15, 2025 20:00

ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ба ҳайати Комиссияи панаврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои иқлим ва тандурустӣ дохил гардид, иттилоъ  медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Комиссияи панаврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои иқлим ва тандурустӣ таҳти роҳбарии Бюрои аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ фаъолият менамояд. Он аз 11 аъзо аз 9 давлат иборат мебошад, ки 10 коршиноси сатҳи баланд ва як мушовири илмиро дар бар мегирад.

Комиссияи панаврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои иқлим ва тандурустӣ  зери роҳбарии собиқ Сарвазири Исландия ташкил карда шуда, мутахассисонеро аз кишварҳои гуногуни Аврупо ва Осиёи Марказӣ муттаҳид менамояд, ки дорои таҷрибаи бой дар соҳаҳои тандурустӣ, рушди устувор, муҳити зист, ҳуқуқ ва сиёсати давлатӣ мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 15, 2025 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд