«ТОҶИКИСТОН-БЕЛАРУС». Таҳти чунин унвон Форуми иқтисодию тиҷоратӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 май дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти унвони «Тоҷикистон-Беларус» Форуми иқтисодию тиҷоратӣ доир гардид. Дар он байни вилоятҳои Суғд ва Минск «Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ барои солҳои 2025–2027» ба имзо расид, ки заминаи мусоиди ҳуқуқӣ барои густариши минбаъдаи муносибатҳои иқтисодӣ мегардад.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадафи асосии форум густариши робитаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, рушди ҳамкории саноатию молиявӣ, ҷалби сармоя барои таъсиси корхонаҳои муштарак, баланд бардоштани гардиши мол ва дарёфти шарикони нав мебошад.
Дар форум ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо дар бахшҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ мабодилаи афкор намуданд.
Дар ҷараёни форум имконоти ҳамкории оянда дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ, нассоҷӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, таъсиси коргоҳҳои муштараки коркард ва бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи зарфияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва рушди бахши сайёҳӣ муаррифӣ карда шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






