Варзишгари тоҷик Мадина Қурбонзода дар Ҷоми Осиё-2025 соҳиби медали тилло шуд

Май 23, 2025 11:41

ДУШАНБЕ, 23.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мадина Қурбонзода дар вазни 52 килограмм дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Осиё-2025 байни наврасон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Осиё-2025 аз намуди варзиши ҷудо 22 дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз шуда, 23 май идома меёбад. Дар мусобиқа 515 нафар варзишгарон аз 8 давлати ҷаҳон (343 мард ва 172 зан) бо ҳам сабқат менамоянд.

Мадина Қурбонзода хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошад. Мадина Қурбонзода чанде пеш дар мусобиқаи бонуфузи Dushanbe Grand Slam- 2025 медали биринҷӣ ба даст овард.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто

Май 23, 2025 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд