Вобаста ба технологияҳои инноватсионии истихроҷ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Технологияҳои инноватсионии истихроҷ ва бозкоркарди канданиҳои фоиданок» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд, конференсия ба Солҳои рушди саноат (2022–2026) ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020–2024) бахшида шуд.
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ аҳамият ва нақши саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи асосии давлат таъкид намуд.
Зимни маърузаҳо масъалаҳо оид ба технологияҳои муосир ва истифодаи маҷмуии мошинҳо ва механизмҳо дар раванди коркарди конҳои кӯҳӣ, зарурати татбиқи усулҳои пешқадами истихроҷ бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ, коҳиш додани хароҷот ва таъмини бехатарии корҳо дар шароити мураккаби конҳои кӯҳӣ, аҳамияти дониш ва малакаҳои муҳандисӣ дар таъмини бехатарӣ дар муҳити саноатӣ, бахусус дар соҳаи истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, истифодаи технологияҳои биотехнологӣ дар барқарорсозии конҳои урани қаблан коркардшуда ва ғайра мавриди таҳлил қарор дода шуданд.
Рушди устувори соҳаи кӯҳӣ-металлургӣ на танҳо ба истихроҷ ва коркарди самараноки захираҳои табиӣ, балки ба амалӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини бехатарии меҳнат ва рушди иҷтимоии минтақаҳои кӯҳӣ низ вобаста аст.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






