10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таърихи муосири тоҷикон саҳифаҳои пурифтихореро дар худ таҷассум кардааст, ки дар саргаҳи он нақши сарнавиштсоз ва таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо иродаи қавӣ, заковати сиёсӣ ва масъулияти баланди миллӣ, Сарвари давлат тавонистанд дар шароити бисёр ҳассоси пас аз ҷанги шаҳрвандӣ миллатро ба сӯи сулҳу субот ва ваҳдати устувор раҳнамун созанд.
Таъмини фазои сулҳу субот, густариши маданияти таҳаммул, тарбияти эҳсоси баланди ватандорӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ аз ҷумлаи дастовардҳое мебошанд, ки маҳз бо заҳматҳои Пешвои миллат ба воқеият табдил ёфтаанд.
Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ваҳдатпарвар ва намунаи ҳамзистии миллату мазҳабҳои гуногун дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст, нақши муҳиму таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори сулҳ ва бунёдгузори ваҳдати миллӣ шоистаи таҳсину қадршиносӣ мебошад.
Дар идома 10 амали заминасози сулҳу ваҳдат, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо онҳо тавонистанд кишвар ва миллатро дубора ҷон бахшанд, пешниҳод мегарданд:
1. Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин қадам дар роҳи эъмори давлат ба он фарҳангномаи ниёгонамон эътибору эҳтиром гузоштанд, ки дар оинномаи аввалини он бахшидани гуноҳи рақиб дар хатти муқаддам меистод.
2. Эмомалӣ Раҳмон бо роҳкори пешакардаи хеш тафаккури ҷангҷӯёна ва кину адовати тарафҳои даргири ҷангро ба сӯйи огоҳӣ ва бахшоиши ҳамдигар савқ доданд.
3. Эмомалӣ Раҳмон поягузори фарҳанги таҳаммул ва бунёдгузори маданияти бузурги иттиҳоду ҳамгироӣ мебошанд.
4. Эмомалӣ Раҳмон эҳсоси ҳамбастагии милливу меҳаниро бо таваҷҷуҳ ба арзиши ҳаётӣ ва волои сулҳ дар ниҳоди мардум бедор намуданд.
5. Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷикро бори дигар ҳушдор доданд, ки чун тазмингари сулҳ ва меросбари асили ниёгон ҳаётро дар ростои хушзистӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдату иттиҳод ба роҳ монанд.
6. Эмомалӣ Раҳмон исбот намуданд, ки Тоҷикистон руҳи зиндаи Ваҳдати миллӣ аст.
7. Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати фарогир ва ваҳдатофарин тавонистанд табақаҳои гуногуни ҷомеаро бо ҳама гуногунӣ ва тафовутҳояшон дар гирди як ҳадафи олии миллӣ гирд оваранд.
8. Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ваҳдат мақоми Тоҷикистонро ҳамчун намунаи муваффақи ҳамзистии ақвом ва адёни гуногун ба ҷаҳониён шарофатмандона муаррифӣ намуданд.
9. Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолият ҳамчун сарвари сиёсии кишвари мустақили Тоҷикистон пойдевори маънавии давлатро бо меъёрҳои инсондӯстиву шоистасолорӣ, адлу инсофи иҷтимоӣ, баробарии қавму миллатҳо ва озодии виҷдон тақвият бахшиданд.
10. Эмомалӣ Раҳмон давлатдории навини тоҷиконро бар асоси эҳтироми мутақобил ва ҳамзистии фарҳангҳо бунёд карданд.
Рӯдоба МУКАРРАМ,
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад
СУМАНАК ЗЕБИ БАҲОР АСТ! Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ ва суннатии тоҷикон аст
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАМИН. Ҳар нафар вазифадор аст дар хусуси хонаи умумии мо ғамхорӣ намояд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАНГАЛ. Хуч на танҳо хосияти шифобахшӣ, балки аҳамияти калони экологӣ низ дорад
ЗАХИРАҲОИ ОБ — МУҲИМТАРИН МАНБАИ ҲАЁТ. Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси СММ оид ба захираҳои об баргузор мешавад
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ






