АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ

Июнь 26, 2025 08:57

ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи ҳар як миллат ва давлат ҳастии Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо ҳамчун кафили амният ва ҳифзи сарҳад, балки ҳамчун пояи устувори ваҳдати миллӣ ва якпорчагии ҷомеа мавқеи хосса дорад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ нақши Артиши миллӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва пойдории давлатдорӣ басо назаррас ва сарнавиштсоз мебошад. Чунин изҳори назар намудааст  дар мақолааш бахшида ба 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ СОБИРЗОДА,   ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст. Матни пурраи мақолаи мазкур манзури хонандагон мегардад.

— Артиши миллӣ на танҳо муҳофизи марзу буми кишвар аст, балки ҳамчун мактаби ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ҷасорату мардонагӣ ва таҳкимбахши якпорчагии ҷомеа ба шумор меравад.

Пас аз нооромиҳои солҳои 90-уми асри гузашта, ки Тоҷикистонро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашид, эҳёи Ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии сохторҳои давлатӣ вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарияти мамлакат гардид.

Дар ин раванд, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз иқдомҳои сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.

Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ,  Артиши миллӣ ба ҳайси сутуни боэътимоди давлатдорӣ дар таҳкими суботу оромӣ, Ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу созиш саҳми бевосита гузошт.

Маҳз бо садоқатмандии афсарону сарбозон, мардуми шарифи Тоҷикистон тавонистанд дар роҳи бунёди давлати ҳқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ қадамҳои устувор гузоранд.

Дар ҷараёни раванди музокирот ва барқарории сулҳ, маҳз мавҷудияти Артиш кафили амнияти мардуми осоишта буд. Бо сиёсати хирадмандонаву инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва садоқати хизматчиёни ҳарбӣ дар тамоми қаламрави кишвар ваҳдати воқеӣ таъмин шуда, баробари дигар неруҳои қудратӣ барои татбиқи Конститутсия ва қарорҳои Ҳукумат талош намуд. Бе он, барқарор намудани сохтори ягонаи давлатӣ ва амнияти умумимиллӣ ғайриимкон буд.

Имрӯзҳо,  хушбахтона мардуми сарбаланди тоҷик 28–солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар  фазои орому осудаи Ватан таҷлил менамояд,  дар ҳоле, ки  авзои сиёсии ҷаҳон ноором аст.

Махсусан дар ин давру замон расидан ба қадри ҳар як дастоварди миллат аз ҳар як сокини мамлакат масъулияти баланд ва шоистаро тақозо менамояд.

Маҳз Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҳисси баланди ватандӯстӣ, ягонагии миллӣ ва зиракии сиёсӣ дар байни ҷавонон нақши муассир мебозад.

Бо назардошти муҳимияти Ваҳдати миллӣ барои ҷомеа ва ҳифзу гиромӣ доштани он, бедор намудани ҳисси меҳанпарастӣ ва ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ, дар байни сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби ҷасорату мардонагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста омӯзонида мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ намояндагони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бо як мақсад  — ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ  ва Ваҳдати миллӣ  якҷо хизмат мекунанд.

Ин ҳамбастагӣ намунаи равшани ваҳдати воқеии миллӣ аст, ки дар амал татбиқ мешавад. Ҷавонони зиёд, ки имрӯз ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, бо эҳсоси баланди масъулият дар назди миллат ва давлат хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меоранд.

Барномаҳои тарбиявӣ, баргузории машғулиятҳои маърифатӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва мулоқотҳои пайваста бо Пешвои миллат, ҳамаи ин муҳити солими маънавӣ ва сиёсиро дар дохили Артиши миллӣ  таъмин менамояд, ки худ омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки «Артиши миллӣ бояд на танҳо қудрати ҳарбӣ, балки рамзи ваҳдат ва ифтихори миллӣ бошад».

Ҳамин сиёсати хирадмандона аст, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як ниҳоди устувор, қудратманд ва дорои эҳтироми баланди мардумӣ табдил ёфтааст.

Маврид ба таъкиди хост аст, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар баробари муҳофизати Истиқлолияти давлатӣ, субот ва якпорчагии кишвар, ҳамзамон мактаби тарбияи кадрҳои ватандӯст, худшинос ва ваҳдатофар низ ба шумор меравад.

Ҳамкории зичи он бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таваҷҷуҳи хосса ба тарбияи насли ҷавон ва омодагии ҳамешагӣ барои дифои арзишҳои миллӣ, ба таҳкими бештари Ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба рушд ва тақвияти Артиши миллӣ, эҳтиром ба хизматчиёни ҳарбӣ ва шинохти нақши онҳо дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, бояд яке аз афзалиятҳои сиёсати давлат ва ҷомеа бошад, зеро бе амният ва оромӣ  ваҳдат пойдор намемонад ва бе артиши қавӣ  амният таъмин намегардад.

Мо бояд аз хизматҳои шабонарӯзии ҳар як сарбозу афсари Артиши миллӣ ифтихор намоем ва барои рушди бештару беҳтари он, ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ ва ваҳдатофар, ҳамеша кӯшиш намуда, дастгирӣ кунем.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 26, 2025 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Маҳз Ваҳдати миллӣ — рукни асосӣ ва муҳим давлати тозаистиқлоли тоҷиконро таҳким бахшид
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Дилбар Одилзода: «Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд»
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ: «Аз ваҳдати миллӣ садҳо ғояҳои бунёдкорӣ ба вуҷуд омада, Тоҷикистон ба гулистон табдил ёфт»
Дарк кардани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарини ҷомеа мебошад
Ваҳдати миллӣ ва рушди парламентаризм дар Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад
Абдулло Раҳмонзода: «Ваҳдати миллӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ омили наҷотбахш ва сарчашмаи эҳёи дубораи халқи тамаддунофари тоҷик гардидааст»