Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»

Июнь 25, 2025 15:51

ДУШАНБЕ, 25.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Боиси шукргузорӣ аст, ки дар фазои тинҷию оромӣ ҳар сол рӯзе, ки дар таърихи миллати мо ҳамчун санаи сарнавиштсоз эътироф гардидааст, бо шукӯҳу шаҳомоти хос таҷлил мегардад. Рӯзе, ки ба баракати он дар Ватани азизамон сулҳу субот ҳукмфармо гардид, баҳамойии миллати парокандашуда дигарбора муяссар шуд, якпорчагии марзу буми аз гузаштагон меросмонда таъмин гардид, Истиқлоли давлатӣ ҳифозат ёфт ва оғози ободкориҳо муяссар гардид.Аз ҳамин хотир аст, ки мо ба ин рӯзи муборак арҷ мегузорем, онро гиромӣ медорем ва бо истифода аз тамоми имкониятҳо саъй ба он хоҳем кард, ки онро аз ҳама газандҳо эмин нигоҳ дорем ва заминаи таҷлили онро барои садсолаҳо аз имрӯз муҳайё намоем.

Расо 28 сол қабл Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, ба ҷанги шаҳравандӣ дар Тоҷикистон хотима дод ва Ваҳдати миллиро ба армуғон овард. Аммо то расидан ба чунин рӯзи нишотовар давраҳои басо душвор паси сар карда шуд, ки ба хотири панд бардоштану дигарбора ба ҳеҷ ваҷҳ ба хато роҳ надодан ёд овардани он рӯзҳо зарурат дорад.

Дар ҳамин шабу рӯзҳо, 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳокимияти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор сохт. Мардум интизор буданд, ки ин иҷлосия бояд шахсеро ба маснади роҳбарӣ биёрад, ки манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои маҳаллӣ, гурӯҳию сиёсӣ ва эътиқодоти динӣ боло гузорад. Танҳо дар ҳамин ҳолат имкон муҳайё мегардид, ки оташи ҷанги хонумонсӯз хомӯш гардад ва Ватану миллату давлату марзу буму истиқлоли сиёсии ба тозагӣ ба дастомада аз ҳама гуна газанд эмин нигоҳ дошта шавад.

Аз байни сиёсатмадорони таҷрибадор касе ҷуръат накард тақдири давлату миллатро дар он рӯзҳои душвор бар дӯш гирад. Ҳатто онҳое, ки то ҷое сабаби сар задани чунин ҳолат гардида буданд, канораҷӯйӣ карданд. Танҳо нафаре, ки оқибати фоҷеабори ҳолати бамиёномадаро бештар аз дигарон дарк менамуд, натавонист нисбат ба тақдири халқи сарсону саргардон, дарбадар ва ғарибу бечора ва давлати тозаистиқлол бетараф бошад. Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итмиону бовар ин масъулияти бузургро бар дӯш гирифтанд. Ин лаҳзаро метавон ба дами тулӯи Офтоби бахти миллат шабеҳ донист. Зеро маҳз аз ҳамин лаҳза мардум эҳсос намуд ва эътимод ҳосил кард, ки рӯзҳои нек фаро мерасанд. Фарзонамарде ба мақоми Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд, ки ба нахустсуханронии хеш аз паси минбари баланд ва бо изҳори «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам», дар мазраи қалби миллионҳо ҳамватанони худ тухми умед ба ояндаи некро кишт намуданд. Ҳар як ҳарфашон ҳикмат дошт, аз эътимод холӣ набуд ва мардум дар симои нуронии онҳо наҷотбахши худро диданд.

Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳастӣ ва неруву хиради худро барои берун баровардани мамлакат аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ равона карданд. Қабл аз ҳама ба он талош намуданд, ки қонуни асосӣ – Конститутсия бо назардошти сохти нави давлатдорӣ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардад ва соли 1994 ин тадбири муҳими сиёсӣ дар амал татбиқ ёфта, шакли давлатдории навини тоҷикон муайян гардид.

Халъи силоҳ аз тадбирҳои дигари муҳим ва саривақтӣ буд, ки барои ба ҳаёти осоишта баргаштани мардум заминаи мусоид фароҳам меовард. Ҳарчанд амалисозии ин ҳадаф дар он айёми ноором осон набуд ва заҳмату меҳнати зиёдро тақозо мекард, аммо мақомоти марбута бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар назди давлату миллат ва садоқат ба Роҳбари давлат тавонистанд ин рисолати худро ба хубӣ анҷом диҳанд.

Ҳамин тариқ, бо саъю талоши беназир, худгузаштагӣ, заҳматҳои шобонарӯзӣ ва дарки масъулияти баланди Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, билохира, ба ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакати азизи мо хотима дода шуд, сулҳу субот барқарор гардид, давлату миллат аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, истиқлолӣ сиёсӣ ҳифз гардид, сохторҳои давлатӣ барқарор гардиданд, тадриҷан корҳои ободкороиву созандагӣ оғоз ёфтанд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз мавзуи муҳими баррасишавандаи институтҳои таҳқиқотию созмонҳои байналмилалӣ дар миқёси ҷаҳон қарор гирифта, то кунун дар ҳалли низоъҳо аз он истифода бурда мешавад. Нашрияҳои бонуфуз ва шахсиятҳои шинохта ба хидмати бузурги Роҳбари давлати тоҷикон дар ҳалли низоъҳои дохилӣ ишора карда, онро панди бузург ва мояи пайравӣ баҳогузорӣ намуданд, ки бо овардани ду намуна иктифо меварзем: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешавад. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар. Президенти Федератсияи Русия В.В.Путин.».

«Шумо Ҷаноби Президент, миёни мо-сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай қарор доштед. Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошанд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин.».

Мусаллам аст, ки барои натиҷагирӣ дар ҳама самтҳо, аз ҷумла дирӯзу имрӯзи мамлакати азизамон корбурди қиёс зарурат дорад. Бо дар зеҳни хеш зинда кардани даҳаи аввали соҳибистиқлолӣ, ки мутаассифона, бо нооромиҳо паси сар гардид ва муқоисаи он бо имрӯз барои мо рӯшан мегардад, ки мо дар тамоми самтҳо – қонунгузорӣ, иқтисодиёт, саноат, маориф, тиб, фарҳанг, артиш ва ғайра ба дастовардҳои басо бузург ноил гардидем. Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ бо ҳифзи ваҳдати миллӣ, сарҷамъӣ, садоқат ба Роҳбари давлат ва меҳнати содиқона тавонистем давлати ҷангзадаи худро дар қатори кишварҳои рӯ ба рушд қарор диҳем, ки дар таърих бесобиқа буда, барои мо – ватандорон мояи ифтихору шукргузорист. Ҳамагон дарк мекунем, ки барои халқи соҳибватану соҳибдавлат маҳз ҳукмфармо будани ваҳдату иттиҳод заминагузори татбиқи амалии оромонҳои миллӣ, василаи муҳими таҳкими пояҳои давлатдорӣ буда, дар ин росто, бидуни шакку шубҳа, Роҳбари хирадманд, сиёсатмадор, ояндабин, дурандеш, раъиятпарвар ва барои давлату миллати худ содиқ нақши калидӣ дорад. Худоро шукргузорем, ки зимоми давлатдории тоҷиконро дар он даврони фоҷеабор фарде ба даст гирифт, ки дорои ин сифатҳои олии ҳамида ва барҷаста буд.

Дар мавриди хидматҳои бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди рафъи ҷанги дохилӣ, барқарории сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, боло бурдани эътибори давлати тоҷикон дар миқёси ҷаҳон иқтибос овардани ин пораро зарур медонам: «Воқеан, хизмати бузурги таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдорӣ ба даст оварда, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, артиши миллӣ ва неруҳои посбонии сарҳадро таъсис дод, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, бунёди сулҳи Тоҷикистонро асос гузошт, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ваҳдати миллӣ ва эҳёи онро амалӣ сохт, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд. Талбак Назаров- собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон».

Ба хотири он, ки мо чӣ неъмати бузург будани Ваҳдати миллиро дарк кунем, як назар ба вазъи ногувори ҷаҳони муосир басанда аст. Дар рўзҳои охир дар қитъаҳои гуногуни олам муноқишаҳои байнидавлатӣ торафт шиддат мегирад. Садҳо одамон ба ҳалокат мерасанд, шаҳрҳои обод хароб мегарданд. Оқибати ҳама гуна ҷанг ҷуз харобию ҳисорот ва талафоти ҷонӣ чизи дигаре ба бор намеорад. Ҳазорҳо шукр бояд кард, ки мо дар Ватани ободу зебо ва орому осуда умр ба сар мебарем. Ба ҳар роҳе бошад моро зарур аст, ки ин неъмати бузург – кафолати зиндагии шоиста ва пурсаодатро бояд пойдор нигоҳ бидорем. Ин танҳо дар мавриде ба мо даст медиҳад, ки аз як гиребон сар барорем ва дар атрофи Роҳбари давлати худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем. Мо ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардаем, даҳшати ҷангро ва оқибати фоҷеабори онро бо чашмони худ дидаем ва ба ҳеҷ ваҷҳ намегузорем, ба ваҳдати миллии мо, ки дар ивази қурбон шудани садҳо фарзандони бонангу ор муяссар гардидааст, газанд бирасад. Бақои мо дар пойдории ваҳдати мост.

Дар фароварди сухан бо шукргузорӣ иброз медорам, ки беш аз чоряк аср мо дар фазои тинҷию оромию ҳамдигарфаҳмӣ умр ба сар мебарем ва моро зарур аст, ки бо дар амал нишон додани садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дарки ҳисси масъулияти баланд дар назди халқи сарбаланди худ ва бо истифода аз мақому мартабаву масъулияти бардӯшдошта пайваста саъй намоем, ки ҳаргиз ба кохи бузурги Ваҳдати миллӣ, ки кафолати пойдории давлату миллати мо ба ҳисоб меравад, ба ҳеҷ ваҷҳ газанд нарасад.

Барно САИДВАЛИЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 25, 2025 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд
Дилбар Одилзода: «Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд»
Муовини якуми Раиси ҲХДТ: «Аз ваҳдати миллӣ садҳо ғояҳои бунёдкорӣ ба вуҷуд омада, Тоҷикистон ба гулистон табдил ёфт»
Дарк кардани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарини ҷомеа мебошад
Ваҳдати миллӣ ва рушди парламентаризм дар Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад
Абдулло Раҳмонзода: «Ваҳдати миллӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ омили наҷотбахш ва сарчашмаи эҳёи дубораи халқи тамаддунофари тоҷик гардидааст»
КИШТИ ТАКРОРӢ. Барои рӯёнидани ду ё се ҳосил аз як замин чӣ бояд кард?
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Истеъмоли мармиҷон мӯй ва нохунҳоро мустаҳкам карда, онҳоро қавӣ ва дурахшонтар месозад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои гирифтор нашудан ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рӯзи ҳамгироии миллӣ, иттиҳод ва сулҳу субот дар таърих сабт шудааст
Ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об ва хизматрасониҳои коммуналӣ ғайринақдӣ пардохт мегардад