Беш аз 190 ҳазор нафар наврасони вилояти Хатлон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта мешаванд

Июнь 11, 2025 08:26

ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар таътили тобистона аз вилояти Хатлон 190 870 нафар кӯдакону хонандагон  ба лагерҳо ва машғулиятҳои гуногун фаро гирифта мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти  Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба лагерҳо ва машғулиятҳо тибқи қарори Раиси вилояти Хатлон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025» аз 14 апрели соли 2025 бо мақсади самарабахши истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон амалӣ мегардад.

Инчунин имсол 6180 нафар ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Тибқи қарор Раиси вилояти Хатлон, масъулини соҳа бояд  ҳама намуди истироҳатгоҳҳоро танҳо дар асоси хулосаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор иҷозат дода, ифтитоҳ намоянд. Инчунин хӯроки гарм дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ тибқи  қоида ва ба меъёрҳои санитарӣ ҷавобгӯ таъмин карда шавад.

Истироҳатгоҳҳои мавсимии беруназшаҳрӣ, варзишӣ-солимгардонӣ ва наздимактабӣ бо мутахассисон таъмин мегарданд. Барои пешниҳоди роҳхатҳо ба кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони болаёқат ва кӯдакони кормандони соҳаҳои гуногуни вилоят, инчунин ҳамлу нақли онҳо ба истироҳатгоҳҳо ва бозгашташон тадбирҳои зарурӣ  андешида мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2025 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»