Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 21.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ 10 ҳазору 515 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ хабар доданд.
Инчунин дар муассисаҳои таълимии №5, 8, 10, 14, 15, 35, 36, 54, 68, 84 ва Гимназия — парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафуров истироҳатгоҳҳо бо таъминоти ғизоӣ фаъолият доранд. Дар ин истироҳатгоҳҳо 2320 нафар кӯдак, аз ҷумла 1351 духтар истироҳат намуда истодаанд.
Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ва баргузории истироҳати босамари тобистонаи хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешида, онҳоро пайваста амалӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои истироҳати босамари кӯдакону наврасон дар мавсими тобистон ҳамасола Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб мерасад, ки тибқи он масъулин барои ташкили истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ва берун аз шаҳри вазифадор мегарданд.
АКС: Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






