Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат доир ба ҳифзи муҳити зист ва аҳамияти ҳаётии онҳо барои башарият» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Иштирокдорони ҳамоиш таъкид намуданд, ки ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба обу иқлим муҳим ва саривақтӣ мебошанд. Иқдомҳои башардӯстона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар соҳаи обу иқлим аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдории зиёд гардид, ки он аз рафти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряҳо дар Душанбе (29-31) ба мушоҳида расид.
«Бо назардошти пешниҳодҳои саривақтии Пешвои миллат вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим мутахассисон ва муҳаққиқони моро зарур аст, ки ташаббускор бошанд ва тамоми чорабиниҳои нақшавиро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоянд»,- иброз гардид дар конфронс.
Ёдовар мешавем, ки дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо саҳифаи нави таърихӣ кушода шуд. Ин ташаббуси Президенти Тоҷикистон маротибаи дигар мамлакати моро ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи об ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Баргузории ин ҳамоиши илмӣ ба иштирокчиён шароити мусоид фароҳам овард, ки андешаҳои худро оид ба паҳлуҳои фалсафӣ, илмӣ ва амалии ҳифзи муҳити зист иброз намоянд. Мавзӯъҳо на танҳо зарфияти назариявии муҳаққиқонро бозгӯ карданд, балки аҳамияти рӯзмарраи ташаббусҳои Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои башарӣ таъкид намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир
«КИТОБ — БЕҲТАРИН АРМУҒОН». Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 200 китоб тақдим гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илму маориф ҳамоиш баргузор шуд
Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар Душанбе дар нуҳ сол беш аз 54 мактаб ва 42 муассисаи томактабӣ сохта шудааст
Оид ба тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи он дар низоми таҳсилоти рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ҳамоиш доир гардид






