Дар Душанбе бахшида ба 18-солагии қабули қонуни танзим ду ҳамоиш доир гардид

Июнь 18, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 18.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 18-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи коршиносону мутахассисони соҳа ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Директори Маркази исломшиносӣ Абдураҳим Холиқзода дар ҳамоиш изҳор намуд, ки «қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъракаҳоро давра ба давра ба танзим дароварда, сокинони мамлакат дар амал дарк намуданд, ки риояи он ба баландшавии сатҳи зиндагии онҳо мусоидат намуд. Қонуни мазкур, қабл аз ҳама шароити мусоиди баргузории маъракаҳоро фароҳам овард».

-Қабули ин қонуни миллӣ ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва рафъи мушкилоти рўзгор мусоидат намуд ва бо назардошти ниёзу дархостҳои мардум дар давоми 18 сол ба қонуни мазкур панҷ маротиба (16 июни соли 2008, 21 июли соли 2010, 30 майи соли 2017, 28 августи соли 2017 ва 25 июни соли 2021) тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд»,- тазаккур дод Абдураҳим Холиқзода.

Бояд гуфт, ки то қабул гардидани ин қонун дар мамлакат баргузории маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда, тӯйҳои арӯсию домодии миёншикан, хурофотпарастӣ ва хароҷоти маросими таъзия ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасониданд. Баъзе аз шаҳрвандон ҳатто дар иду ҷашнҳои миллӣ ва анъанавӣ ба зиёдаравӣ роҳ дода, бо гирифтани қарзи миёншикан намоишкорона дастархон меоростанд.

Қабули ин қонун зарурати воқеӣ буд. Тавре Пешвои миллат изҳор намуда буданд: «… то расму ойин ва маросими милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаю зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Воқеан ҳам имрӯзҳо таҷриба нишон дод, ки танзими анъана ва ҷашну маросим баракати зиндагӣ буда, бешубҳа, ин қонун ба ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ равона гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки 20 июни соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 35 қонун, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» имзо гузоштанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид, ки он ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона шудааст.

АКС: Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 18, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд