Дар Ховалинг бахшида ба фаъолияти эҷодии шоир Ҳабибулло Файзулло маҳфили адабӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 14.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ховалинг бахшида ба 80-солагии шоири шинохтаи тоҷик Ҳабибулло Файзулло маҳфили адабӣ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳабибулло Файзулло 15 марти соли 1945 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Соли 1966 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории Душанберо хатм ва баъдан дар рўзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Вечерний Душанбе» ба ҳайси ходими адабӣ фаъолият кардааст. Ӯ соли 1973 Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкийи Москваро хатм намудааст. Ҳамчунин ӯ дар вазифаи ходими Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, корманди рӯзномаи «Маориф ва маданият», масъули Шурои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кардааст. Шоир 8 июни соли 1980 дар садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт.
Шеърҳои Ҳабибулло Файзулло аз ибтидои солҳои 60-уми қарни гузашта чоп шуда, диққати хонандагон ва устодони назми муосири тоҷикро ҷалб намудааст. Муаллифи маҷмўаҳои шеърии ӯ бо номҳои «Қатраи борон» соли (1966), «Дунёи ҷавонӣ» (1971), «Рози дарё» (1974), «Дидори орзуҳо» (1979), «Обшори офтоб» (1981), «Чилчанор» (1982) ва ғайра писанди дӯстдорони назм гардидааст. Пас аз маргаш китобҳои «Зи нав зинда шавем…» (1995)-и ӯ чоп гардид.
Дар Москва китобҳои ӯ «Яблонка» (1972) ва «Боль» (1990) ба чоп расидаанд.
Доираи мавзуи ашъори шоир васеъ ва доманадор аст. Дар ашъораш Ватан, Модар, сарзамини зебою мардуми олиҳиммати он, ишқу ошиқӣ ва дигар мавзуъҳои рӯз бо мазмуни баланд тараннум шудаанд. Ӯ дар шаклу жанрҳои гуногуни назм бо қофияву вазнҳои дилкаш шеър офаридааст. Аз ҷумла, шоир Ватанро чунин зебо васф намудааст:
Ватан дар синаам бо ин бузургӣ,
Ба монанди диле маъво гирифтаст,
Ки гӯё чун раги хун аз дили ман,
Ба саҳро роҳи нав дарё гирифтаст.
Сафи амвоҷ ҳамчун сатри шеърам,
Шавад иншо ба рӯи дафтари дил.
Ситода рост гӯё кӯҳсораш
Ба мисли посбоне ба дари дил…
Ҳабибулло Файзулло дар адабиёти муосири тоҷик бо ашъори рангинаш мавқеъ дошта, ҳамчун тарҷумони асарҳои адибони барҷаста низ ба хубӣ шинохта ва ном бурда мешавад. Нахустин маротиба ба забони тоҷикӣ шоҳасарҳои адибони бузург Еврипид – «Медея», Антон Чехов – «Се хоҳарон» ва чанде аз ашъори шоирони машҳури ҷаҳон Александр Пушкин, Николай Некрасов, Михаил Лермонтов, Владимир Маяковский ва даҳҳо дигаронро тарҷума ва нашр кардааст.
Соҳиб Табаров дар бораи эҷодиёти Ҳабибулло Файзуллоев чунин ибрози назар намудааст: «Тафовути ашъори лирикии Ҳабибулло Файзулло, аз ҷумла шеърҳои ҷудогонаи шаҳрвандӣ ва фалсафии ӯ, аз дигар шоирони ҷавон, пеш аз ҳама дар он аст, ки ӯ ба муҷаррадбаёнӣ, пардапӯшона ифода кардани фикр, ба мафҳум тасвир намудани образҳои шеърӣ роҳ намедиҳад, балки мавзую идея, мақсаду омол ва тарзи баёни шоиронаро хеле аёну мушаххас ва хеле равшан ба қалам медиҳад, ки дар натиҷа мавзуъ ва идеяи шеърҳои ӯ дар якҷоягӣ бо шакли баланди шеърӣ пурмазмуну ҷилодор мегарданд».
Ҳабибулло Файзулло аз соли 1976 аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
АКС аз манбаъҳои боз








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






