Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 09.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо байни наврасони солҳои таваллуди 2008-2010 ҷамъбаст гардид ва ғолибон қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо байни наврасон бо ташаббуси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар мусобиқа варзишгарон аз тамоми гӯшаҳои мамлакат ҷамъ омада, бо ҳам сабқат намуданд.
Бояд гуфт, ки ҷудо варзиши муқаррарӣ набуда, барномаи мукаммали омӯзишӣ аст, ки бо машғул шудан ба он инсон худро дар самти матонату далерӣ ва дигар сифатҳои хуби инсонӣ такмилу тарбия менамояд.
Федератсияи байналмилалии ҷудо бо беш аз 200 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ робитаи зичи ҳамкорӣ дорад ва ҳамасола шумораи дӯстдорони ин навъи варзиш дар ҷумҳурӣ меафзояд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ ва берун аз он варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок менамоянд. Яке аз тадбирҳои судманд дар ин самт таъсис додани Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба ҳавасмандгардонии варзишгарон равона гардидааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






