Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки «Ҷашни Ваҳдати миллӣ воқеан дастоварди беназири миллати тоҷик аст, ки маҳз ба шарофати талошҳои пайгиронаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи Тоҷикистон муяссар гардидааст.
“Дар он даврони мудҳиши ҷанги таҳмилӣ маҳз Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат тавонистанд ба ҳайси Пешвои воқеӣ бо роҳнамоӣ ва ташаббусҳои дар заминаи сиёсати хирадмандона ва дурбинона роҳандозишуда миллати тоҷикро сарҷамъ созанд ва онро аз вартаи нестӣ раҳо созанд», — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки падидаи ваҳдати миллӣ на танҳо яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, балки таҷассумгари иродаи устувори миллати тоҷик дар роҳи таъмини субот, сулҳ ва якпорчагии мамлакат маҳсуб мешавад.
«Таърихи муосири Тоҷикистон нишон медиҳад, ки расидан ба ваҳдати миллӣ роҳи осон набуд, балки натиҷаи муборизаи сарбаландона, заҳматҳои пайваста ва тадбирҳои дурандешонаи Роҳбари хирадманд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд», — баён дошт Мавсума Муинӣ.
Иброз гардид, ки ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон баъди ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо рукни асосии эҳёи давлат ва пойдории ҷомеа, балки як арзиши волои маънавӣ ва сиёсӣ гардид, ки тавассути он фарҳанги таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳанпарастӣ ва истиқлолгароии ҷомеа таҳким ёфт. Имрӯз бо сари баланд гуфта метавонем, ки таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ, ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст, ки он ба заҳмату фаъолияти содиқонаву фарзандонаи Пешвои хирадсолор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвасти ногусастанӣ дорад.
Дар охир таъкид гардид, ки ваҳдату якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот, риояи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқӣ таъмин аст, ҳеҷ гоҳ ҳуқуқ ва озодии инсон поймол нахоҳад гардид. Сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ арзишмандтарин неъмати ҳаёти инсон аст ва ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани онҳо вазифа ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд






