Дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон 105 460 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 25 фоизро ташкил медиҳад. Барои то 30 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсил то охири соли равон корҳо пеш бурда мешаванд. Ин матлабро муовини Раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода зимни баргузории ҳамоиш бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Бохтар баён намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, дар ҳамоиш ҳунару истеъдод ва дастовардҳои эҷодии кӯдакон ба намоиш гузошта шуданд.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон паёми муҳим ба кулли ҷомеа аст, то боз ҳам бештар ба масоили муҳими таълиму тарбия, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, муҳайё кардани муҳити солими равонию иҷтимоӣ ва фароҳам сохтани шароити арзандаи зиндагӣ барои насли наврас таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Зеро кӯдак ояндаи дурахшони миллат, неруи созандаи ҷомеа ва сипари боэътимоди давлату миллат аст.
Соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 155 муассисаи соҳаи маориф бо 1123 синфхона ва 28 150 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд. Имсол сохтмони 139 муассисаи таълимӣ идома дорад, ки то имрӯз 20 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст.
Бояд гуфт, ки ҳамасола 1 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон гузаронида мешавад. Ин яке аз идҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, ки баргузории он аз соли 1925 дар конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбуди ҳаёти кӯдакон дар шаҳри Женеваи Швейтсария оғоз шудааст. Бахшида ба ин ҷашн барномаҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ доир мегарданд. Мақсад аз эълони ин рӯз — зиндагии хуш ва ояндаи неки насли наврас мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






