Дар шаҳри Кокшетауи Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатии Тоҷикистон баргузор гардид

Июнь 2, 2025 11:52

ДУШАНБЕ, 02.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 июн дар шаҳри Кокшетауи вилояти Акмолаи Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон.

Дар кушодашавии намоиш-фурӯш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода ва Ҳокими вилояти Акмола Марат Ахметжанов иштирок намуданд.

Намоиш-фурӯш бо мусоидати Сафорат аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Агентии содирот ташкил карда шуда, дар он 26 номгӯи маҳсулот бо вазни умумии 130 тонна, аз қабили меваи тару тоза, сабзавоти мавсимӣ, шарбати меваю сабзавот, нушокиҳои ташнашикан ва меваҳои хушк ба сокинони вилояти Акмола пешкаш гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Июнь 2, 2025 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд