Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои анҷоми бозии дӯстона бо дастаи Камбоҷа вориди шаҳри Пномпен шуд

Июнь 2, 2025 14:25

ДУШАНБЕ, 02.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои баргузории бозии дӯстона бо яккачини Камбоҷа вориди шаҳри Пномпен шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ин вохӯрӣ рӯзи 5 июн дар Варзишгоҳи миллии олимпии Пномпен баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (17:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Барои тими миллии Тоҷикистон бозии дӯстона бо Камбоҷа як марҳилаи омодагӣ ба вохӯрии даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили мунтахаби Филиппин аст, ки 10 июн дар шаҳри Капаси Филиппин баргузор мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 2, 2025 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад