Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гардид

Июнь 11, 2025 11:55

ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба баргузории   Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор шуд.  Дар ҷаласа  масъалаи   баргузории даври дуюми озмуни мазкур баррасӣ гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иштирокчиёни ҷаласа замон ва макони баргузории озмунро интихоб намуданд. Аъзои ҳакамон вазифадор гардиданд, ки барои интихоби беҳтарин иштирокчии озмун саъю талош кунанд.

Даври якуми озмун  аз 1 апрел то 10 май дар маркази шаҳру ноҳияҳои  ҷамҳурӣ доир шуда, иштирокчиёни  беҳтарин ба даври дуввум роҳхат гирифтанд.

Даври дуюм аз 10 июн то 5 июл дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.

Сардори Раёсати муассисаҳои фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Низом  иброз дошт, ки дар даври якуми озмун 6192 нафар довталаб иштирок намуд. Аз ин шумора  2676 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо баҳри расидан ба ҳадафҳои ниҳоии ин озмун, ки дарёфти воқеии истеъдодҳои нав, насли ҷавони тараннумгари дастовардҳои давлати соҳибистиқлоламон мебошанд, кӯшишу заҳмати хешро равона намоянд.

Тавре дар Низомномаи озмун омадааст, «масъулини баргузории озмун Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мебошанд. Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила барои баргузории озмун мусоидат намуда, дар тарғиб, ҷалби ҷавондухтарон ва ҷавонписарони соҳибистеъдод ба озмун чораҷӯӣ мекунанд».

Ёдовар мешавем, ки сарпарасти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар соли 2025 барои баргузор кардани он 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 11, 2025 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд