Дилбар Одилзода: «Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд»

ДУШАНБЕ, 24.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июни соли 1997 дар таърихи навини Тоҷикистон на танҳо Рӯзи Ваҳдати миллӣ, балки оғози як давраи нави сиёсӣ, ҳамчунин субҳи умед ва эҳёи маънавии ҷомеа гардид. Маҳз пас аз он рӯйдоди тақдирсоз занони тоҷик дубора имкони фаъолона иштирок кардан дар ҳаёти ҷомеа, эҳёи хонадон, тарбияи фарзанд ва рушди иқтисодиву фарҳангии ҷумҳуриро пайдо карданд. Аз ҳамон замон то ба имрӯз занон на танҳо ҳамчун модар ва тарбиятгар, ҳамчунин ба ҳайси олим, сиёсатмадор, соҳибкор ва сарварони ҷомеа шинохта мешаванд. Чунин иброз намудааст муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода дар мақолааш ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Дар зер матни пурраи мақола оварда мешавад.
— Миллати тоҷик баъд аз гузашти беш аз сисолаи ба дастоварии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз бо ифтихори бузург аз Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвар ҳарф мезанад. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба ҷуз аз як рамзи сулҳу субот, ба маънои томаш ба як макони амалишавии орзуву умед, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ табдил ёфтааст ва бешубҳа, дар маркази ҳамаи ин равандҳо, нақши занон – модарон, омӯзгорон, созандагон ва роҳнамоёни маънавии ҷомеа ҷои хеле муҳим дорад. Дар ҳар як қадам ба сӯи сулҳ ва дар ҳар як санги роҳе, ки мо аз нофаҳмию ҷанг ба сӯи ваҳдат гузоштем, гармиву сабри як модар нуҳуфта буд.
Танҳо як нигариш ба вазъи кунунӣ нишон медиҳад, ки Ваҳдати миллӣ боиси тавсеаи имкониятҳои занон дар тамоми бахшҳо гардид. Имрӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ беш аз 27 дарсади вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро занон ташкил медиҳанд. Дар дастгоҳи иҷроия ва мақомотҳои маҳаллии давлатӣ шомил будани садҳо нафар занон ҳамчун роҳбар, мутахассис ва мушовир бозгӯи он аст, ки дигар зан танҳо дар чорчӯби хона қарор надорад, ҳамчунин як пояи муҳими сиёсату давлатдорӣ гардидааст.
Имрӯз занон нақши бузург ва муҳиме дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии давлат мебозанд. Онҳо дар вазифаҳои гуногун – аз роҳбарони мақомоти маҳаллӣ то намояндагони давлат ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона иштирок доранд. Ин иштироки васеъ нишон медиҳад, ки ҷомеа эҳтиром ва боварии бештар ба неруи зеҳниву маънавии занон дорад. Ба шарофати ин саҳми арзанда, занон метавонанд дар қабули қарорҳо ва таҳкими пояҳои давлату ҷомеа нақши муассир гузоранд. Ҳамзамон, ин раванди ҷалби занон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ ҳамчун яке аз омилҳои муҳими рушди устувор эътироф мешавад. Ҳар қадам ва саҳми занон дар соҳаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ кафолати он аст, ки ҷомеа ба сӯи таҳкими ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмии бештари мардум қадамҳои устувор мегузорад.
Дар шаҳри Душанбе, ки намунаи зиндаи татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат аст, беш аз 50 фоизи кормандони муассисаҳои соҳаи маориф ва тибро занон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, ҳазорҳо духтари ҷавон дар соҳаҳои муҳандисӣ, технологияҳои рақамӣ ва соҳаҳои инноватсионӣ фаъолият доранд. Агар ба солҳои 90-уми асри гузашта назар андозем, пас бо боварии комил метавон гуфт, ки ин пешрафт на танҳо натиҷаи рушди иқтисодӣ, ҳамчунин маҳз самараи устувории ваҳдат ва суботи сиёсӣ мебошад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун поя ва заминаи суботу оромии мамлакат ба занон имконият дод, ки нақши худро дар ҳамгироии ҷомеа ва рушди давлат боз ҳам мустаҳкам кунанд. Ба шарофати ин ваҳдат, занон тавонистанд дар раванди таҳкими маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа, тарбияи насли наврас ва таҳкими эҳтироми арзишҳои миллию башарӣ саҳми арзанда гузоранд. Ин ҳамбастагӣ ва ҳамзистии осоишта байни гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа боиси густариши эътимод ва ҳисси масъулият дар байни занону мардон гардид ва нақши занонро ҳамчун неруи ахлоқӣ ва иҷтимоии пойдор дар ҷомеа тақвият бахшид.
Дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе занон ҳамчун неруи бузурги пешбарандаи рушди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фаъолият мекунанд. Дар бахшҳои муҳими ҳаёт — аз маориф то тандурустӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ саҳми занон хеле назаррас аст.Занону духтарон бо заҳматҳои пайваста ва талошҳои ҷиддӣ дар таълиму тарбия, парвариши насли наврас ва нигоҳубини саломатии ҷомеа саҳми амиқ мегузоранд. Ин ҳолат гувоҳи он аст, ки муҳити Ваҳдати миллӣ шароити устувор барои рушди ҳамаҷонибаи неруи зеҳнии занон фароҳам овардааст ва онҳоро ҳамчун неруи пуриқтидори рушддиҳандаи ҷомеа муаррифӣ мекунад.
Ҳама медонем, ки ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 бештар аз ҳама занону кӯдаконро азият дод. Дар он рӯзҳо ҳазорҳо зан ба ҳайси саробони хонавода монданд, садҳо нафари дигар дар пайи гурезу ҷудоӣ аз ватан сарсону саргардон шуданд. Вале маҳз ҳамин занон бо қалби саршор аз муҳаббат ва дили саршор аз боварӣ, пас аз ба даст омадани сулҳ, аввалинҳо шуда, бозгаштанд, хонаҳоро барқарор карданд, фарзандонро ба мактаб бурданд ва боварро ба зиндагӣ эҳё намуданд. Яъне, сулҳ аввал дар қалби модар пайдо шуд ва аз қалби ӯ ба ҷомеа паҳн гашт.
Ваҳдати миллӣ имрӯз танҳо як санаи тақвимӣ нест. Он як ғоя, як ҷаҳонбинии сиёсиву ахлоқӣ, як фалсафаи зиндагии муштарак ва як арзиши муқаддас аст. Ин арзишро ҳар рӯз бо заҳмати қарини модар, бо иродаи духтари донишомӯз, бо талошҳои як зан дар бемористон ё синфхона эҳсос кардан мумкин аст. Барои ҳамин, Ваҳдати миллӣ бе иштироки занон ҳаргиз пойдор намешавад. Зеро таърихи мо, фарҳанги мо ва ахлоқи миллии мо зани тоҷикро ҳамчун пояи ахлоқ ва тафаккури миллат мешиносад.
Бе иштироки фаъоли занон рушди устувори миллӣ имконнопазир аст. Занон на танҳо ҳамчун модару омӯзгор, ҳамчунин ба ҳайси роҳбар, мутахассис, фаъоли ҷомеа ва ҳамчун пояҳои пойдори давлат ва Ваҳдати миллӣ эътироф шаванд. Нақши занон дар таъмини субот ва ҳамбастагии иҷтимоӣ басо муҳиму беназир мебошад. Ин шахсиятҳо, ки тамоми арзишҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии худро ба наслҳои оянда мерасонанд, асоси устувории ҷомеа мебошанд. Дар ин замина, рушди имкониятҳо ва шароити баробар барои занон баёнгари масъулияти миллӣ ва кафолати пойдории Ваҳдати миллӣ мебошад. Бо роҳи ҳамбастагӣ ва тақвияти нақши занон мо метавонем ҷомеаи пойдор, обод ва ба ҳам пайвастаро бунёд намоем.
Маҳз ҳамин масъулият буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ ва суҳбатҳояшон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, зарурати тавсеаи имкониятҳои занон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо, ҷалби бештари духтарон ба таҳсилоти касбӣ ва ташкили фазои амн барои рушди шахсиятии занро таъкид мекунанд. Ин сиёсат на танҳо рамзи эҳтиром ба зан аст, ҳамчунин кафолати устувории сулҳу ваҳдат низ ҳаст.
Имрӯз, вақте мо дар бораи Ваҳдати миллӣ ҳарф мезанем, бояд фаромӯш накунем, ки ҳар як духтари донишҷӯ, ҳар як омӯзгори деҳот, ҳар як табиби ҷавон ва ҳар як модари хонашин низ як сипари ваҳдат аст. Онҳо на танҳо тарбиятгарони насли нав, ҳамчунин посдорони фарҳанг, забон, ахлоқ ва арзишҳои миллии мо мебошанд.
Мо — занон ҳамеша дар сафи пеши ҷомеа қарор дорем. Дар лаҳзаҳои ҷанг бо сабр, дар лаҳзаҳои сулҳ бо меҳрубонӣ, дар лаҳзаҳои бунёдкорӣ бо заҳмат саҳми худро дар пешрафти ҷомеа мегузорем. Агар имрӯз Ваҳдати миллӣ як ҳадафи пойдор ва умумихалқӣ аст, пас занон, махсусан занони тоҷик бидуни шак, неруи ахлоқии ин ваҳдатанд.
Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд, аз якдигар ғизо мегиранд, якдигарро таҳким мебахшанд ва якдигарро пурра мекунанд. Вақте ки ҷомеа ба ваҳдат мерасад, имкониятҳои занон меафзоянд. Вақте ки занон неруманданд, ваҳдат пояндатар мешавад.
Аз ин рӯ, мо — занон ва модарон, роҳбарон ва омӯзгорон бояд бо эҳсоси масъулияти баланд дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, дар рушди маънавии ҷомеа, дар парвариши насли бедор ва ватандӯст, саҳми худро гузорем. Ба хотири сулҳи пойдор, ба хотири як Ватани обод ва ба хотири насли оянда ҳамеша таҳри таҳкими ваҳдати миллӣ талош намоем.
АКС: АМИТ «Ховар»