Дурахши ситораҳо: дар Суғд мусобиқаҳои футболи кӯдакона доир гардиданд

Июнь 13, 2025 10:51

ДУШАНБЕ, 13.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан мусобиқаҳои футболи кӯдакона таҳти унвони “МегаФон Life бо сабки футбол” доир гардиданд. Мусобиқаҳое, ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” якҷоя бо Лигаи футболи кӯдакону наврасон ташкил карда шуданд, тамоми минтақаҳои кишварро фаро гирифт, ки ба рушди истеъдоди варзишии наврасону ҷавон мусоидат менамоянд.

Садҳо мактаббачаҳои синну солашон аз 8 то 12-сола, ки муассисаҳои таълимӣ, гурӯҳҳои варзишӣ ва дастаҳои кӯчагиро муаррифӣ мекарданд, ба майдонҳои футболи вилояти Суғд баромаданд. Барои кӯдакон ин имконияти на танҳо нишон додани қобилиятҳои худ ба ҳисоб мерафт, балки доварии касбӣ, тамошобинони сершумор, дастгирии мухлисон ва иштироки меҳмонони боиззат фазои ҷашни бузурги варзиширо маротибаи аввал медиданд. Ҳамаи ин, бешубҳа, як умр дар хотираи онҳо боқӣ хоҳад монд.

“Бо ҳар мусобиқаи навбатӣ мо боварӣ ҳосил мекунем, ки дар Суғд ҷавонони боистеъдод ба воя мерасанд. Мусобиқаҳо ба кӯдакон имкон медиҳанд, ки маҳорати худро сайқал диҳанд, интизом, кори даставиро омӯзанд, бовариро ба нерӯи худ эҳсос намоянд. Мо ифтихор аз он дорем, ки дар тарбияи ситораҳои ояндаи футболи тоҷик саҳми худро мегузорем», — иброз дошт Раҳматҷон Раҳматов, директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд.

Дар наздикии майдончаҳои варзишӣ барои иштирокчиён ва меҳмонони мусобиқаҳо гӯшаҳои махсуси ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ташкил гардида буданд. Дар ин ҷо варзишгарону мухлисонро бозиву озмунҳо бо туҳфаҳои гуворо – аз 1 000 Мб трафики интернет то рақамҳои мақомноки “тиллоӣ” мунтазир буданд.

Кормандони ширкат инчунин доир ба вазифаҳои замимаи мобилии “МегаФон Life”, ки дар ҳалли бисёр масъалаҳои рӯзмарра – масалан, фаромоиши маҳсулот ба хона ва харидани онлайн-чиптаҳо ба кинотеатр мусоидат менамоянд, маълумот доданд.

Мусобиқа ба Рӯзи байналмилалии футбол (25 май) , ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ бо ташаббуси президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ муайян гардидааст, бахшида шуд.

Шарики мусобиқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҶСП “Яхмоси 33” мебошад, ки ташаббусҳои солими аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятнокро дастгирӣ менамояд.

“Мо мутмаинем, ки ҳар як кӯдаке, ки маззаи ғолибияти даставӣ ва хурсандии пешравиро эҳсос мекунад, ба худ боварии бештар ҳосил карда, аз худ қаноатманд мегардад. Дастгирии варзиши кӯдакона – ин саҳм ба тансиҳатӣ, фарҳанг ва ояндаи кишвар аст. Мо хушҳолем, ки ба иштирокчиёни мусобиқаҳо каме ҳам бошад, дар шакли як таоми лазизи аз таҳти дил тайёркардашуда хурсандӣ бахшидем”, — мегӯяд директори генералии ҶСП “Яхмоси 33” Мирзоазим Муминов.

Мусобиқаи “МегаФон Life бо сабки футбол” идома дорад. Даври ниҳоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ доир хоҳад шуд. Дар пеш – мусобиқаҳои нави рангину ҷолиб варзишгарони наврасро интизор аст!

АКС: ширкати “МегаФон Тоҷикистон” 

Июнь 13, 2025 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид