Экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» аз Москва оғоз гардид

Июнь 9, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 09.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем,  моҳҳои июн-июли соли 2025 дар Тоҷикистон экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» баргузор мешавад.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025», 6 июн дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия оғоз гардид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни кушодашавии экспедитсия,  Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз дошт, ки «ин экспедитсия имкон фароҳам овард, ки мо на танҳо шоҳиди оғози боз як навоварӣ гардем, балки саҳифаи нави таърихи ҳамкориро дар ин самт боз кунем».

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баён намуд, ки дар ин экспедитсия,  пеш аз ҳама,  ҷолиби  диққати он аст, ки иштирокчиён бо таърих,  фарҳанг ва урфу одатҳои гуногуни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон,  Қазоқистон, Қирғизистон,  Узбекистон ва   Федератсияи Русия шинос мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Экспедитсия аз Федератсияи Русия оғоз гардид, ки тариқи 25 нақлиёт аз қаламрави Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон гузашта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад. Ҳадафи он шиносоӣ бо имконот ва зарфияти сайёҳии минтақаҳо  мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ буда, мероси бои таърихию фарҳангӣ барои эҳё ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дорад.

Соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти давлат ба ҳисоб рафта, дар шароити мусоид барои рушди иқтисодиёт имкониятҳо фароҳам меорад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 9, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд