«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 19.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 20 июн дар ноҳияи Нуробод Ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ таҳти унвони «Хизмат ба Ватан шараф аст!» баргузор мешавад.Ин чорабинӣ бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Дар ҳамоиш 60 нафар афсарону сарбозони мақомотҳои қудратӣ ва ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ иштирок намуда, дар идомаи ҳамоиш конференсия, чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, шоми ҷавонӣ, экскурсия, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, шиносоӣ бо ҷойҳои таърихӣ ва сайёҳӣ доир карда мешавад.
Имрӯз Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода бо иштирокчиёни конференсия қабл аз сафар намудан ба ин ноҳия вохӯрӣ намуд.
Иброз гардид, ки мақсад аз баргузор намудани ҳамоиш баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, ҳавасмандкунии сарбозони дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат карда истода, бедор намудани ҳуввияти ватандорӣ байни ҷавонону наврасон ва тарбия намудани насли меҳанпарасту хештаншинос мебошад.
Таъкид гардид, ки хизмат ба Ватан шараф аст, ин Ватанро дӯст ва ҳар порча хоки онро пост доштан қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмарди тоҷик аст.
«Барои ҳар як фарди хештаншиносу ватанпарвар арзишҳои милливу давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат аз ҳама гуна манфиатҳои дигар муҳим буда, танҳо шахси ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин намояд», -афзуд Раиси Кумита.
Ёдовар мешавем, ки дар шароити муосир масъалаи ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва насли наврас яке аз афзалияти сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои рушду тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад. Тарбияи ватандӯстӣ боиси рушди соҳаҳои алоҳидаи мамлакат гардида, дар ҳифзи марзу бум, тамомияти арзии мамлакат ва таъмини сулҳу осоиштагӣ нақши асосӣ мегузорад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






