Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад

Июнь 14, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 14.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм ва  рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 24+29 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад.  Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 14, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вобаста ба нақши Пешвои миллат дар рушди илму маориф ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
«Эмомалӣ Раҳмон – кафили субот ва пойдории истиқлоли давлатӣ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ZET-MOBILE рушди 5G-ро идома медиҳад: истгоҳҳои нави базавӣ ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар ноҳияи Шаҳринав бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Доир ба нақши таърихии Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамоиш баргузор шуд