Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 02.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз ҷамъбасти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, як гурӯҳ меҳмонон ва иштирокдорони ин чорабинӣ ба тамошои Қалъаи Ҳисор рафтанд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар», ки дар ин сафар меҳмононро ҳамроҳӣ мекард, хабар медиҳад.
Меҳмонон Аскархона, Қасри Ҳоким, Амфитеатр, растаҳои ҳунармандӣ ва осорхонаи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисорро тамошо карда, бо таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик шинос шуда, ба он баҳои баланд доданд.
Зимни тамошои Қалъаи Ҳисор ба меҳмонон оид ба таърихи ин ёдгорӣ маълумоти муфассал дода шуд. Меҳмонон ҳар як гӯшаи ин қалъаро бо диққат тамошо карда, аз роҳбаладон оид ба воқеаҳои дар ин макон рухдода пурсон мешуданд.
Муовини Раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 май) ҳар яки мо масъулият доштем.
«Мо талош кардем, ки меҳмонони ин чорабинии сатҳи баланд бо таърихи қадимаи халқи тоҷик шинос шаванд. Барои ин беҳтарин роҳбаладони забондонро интихоб кардем, то ба меҳмонони хориҷӣ бо далел — тавассути ҳар як ёдгорӣ оид ба таърихи куҳан доштани миллати тоҷик маълумот диҳанд. Ҳамчунин тибқи меҳмоннавозии тоҷикӣ онҳоро бо нону намак пешвоз гирифта, бо пешниҳоди таомҳои миллӣ расми хуби тоҷикон-меҳмоннавозиро ба ҷо овардем»,- афзуд Бунафша Юлдошзода.
Намояндаи Италия Стефано Корадо, ки бо мақсади иштирок дар ин конфронс ба Тоҷикистон омадааст, мафтуни табиати мамлакати мо гардидааст. «Хело хушҳол аз онам, ки ба ман муяссар гардид бо табиати зебою афсункори Тоҷикистон ва мардуми меҳмоннавозаш аз наздик шинос шавам. Ростӣ, бароям хеле хушоянд буд, ки мардуми тоҷик бисёр меҳмоннавоз ва ширинзабон ҳастанд. Ба пурсишҳои зиёди мо бо муҳаббат ва табассуми самимӣ ҷавоб медиҳанд. Мо Қалъаи Ҳисорро тамошо карда, ба санъати баланди шаҳрсозӣ ва ҳунармандии халқи тоҷик баҳои баланд додем», — афзуд ӯ.
Стефано Корадо афзуд, ки дилдодаи Тоҷикистон шудааст, аз он афсӯс мехӯрад, ки фурсат кам аст ва наметавонад ба дигар гӯшаҳои ҷумҳурии мо сафар кунад.
«Дар оянда нақша дорам, ки боз ҳам ба ин мамлакати офтобрӯя омада, бо табиату муъҷизаҳои дигар минтақаҳои Тоҷикистон аз наздик шинос шавам», — илова кард ӯ.
Меҳмони дигаре, ки мо бо ӯ ҳамсӯҳбат гаштем, Хода Фатҳ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
«Шумо воқеан, мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин Пешвои миллат доред. Бубинед, ки имрӯз барои дастгирӣ аз ташаббусҳои Президенти шумо аз чандин кишварҳои ҷаҳон намояндаҳо ба Тоҷикистон меоянд. Тоҷикистон барои онҳо имкон фароҳам овардааст, ки сари як миз ҷамъ омада, тариқи муколамаҳо масъалаи ҳаётан муҳими ҷаҳон — тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳоро, ки ба нафъи башарият аст, ҳаллу фасл намоянд. Ҳар кишваре, ки чунин Сарвар дорад, бешак, шаҳрвандонаш хушбахт ҳастанд»,- афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Хода Фатҳ, маротибаи аввал нест, ки ӯ ба Тоҷикистон меояд. «Ҳар маротибае, ки ба ин ҷо меояд, маро эҳсоси шодмонию болидарӯҳӣ фаро мегирад, зеро Тоҷикистон барояш сарзамини ошност ва ин сарзаминро дӯст медорад».
Ёдовар мешавем, ки 31 май Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо натиҷагирӣ гардид ва 1 июн бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва муосидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирокдорони ин чорабинӣ аз рӯи 7 хатсайр – Душанбе, Душанбе-Ҳисор, Душанбе-Сиёма, Душанбе-Ромит, Душанбе-Норак, Душанбе-Роғун ва Душанбе-Сафеддара саёҳат ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии мамлакат ташкил гардид.
Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»,
АКС: АМИТ «Ховар»














Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?






