Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо тавассути VR айнакҳо пиряхҳои Тоҷикистон ва ҷаҳонро тамошо намуданд

Июнь 2, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 02.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниӽоди як тарҳи инноватсионӣ ба зиёда аз 2600 нафар меҳмонони воломақом аз 90 кишвари ҷаҳон, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе (29-31 май) иштирок доштанд, холати кунунии пиряхҳои Тоҷикистон ва ҷаҳонро ба маърази тамошо гузошт.

Тавре мутахассиси пешбари Раёсати банақшагирӣ ва котиботи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳзод Додихудоев дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «Агентӣ дар доираи намоишгоҳи байналмилалии сатӽи баланд оид ба ӽифзи пиряхҳо гӯшаеро бо тарҳи инноватсионӣ орост ва тавассути он бо васли экрани панелӣ бо намоиши сабтҳои кайҳонӣ раванди камшавии пиряхҳоро дар кураи Замин аз давраи соли 1984 то ин ҷониб нишон дод, ки меҳмонон ин равандро дар ҳолати муқаррарии сабти кайҳонӣ тамошо намуданд».

Ҳамзамон дар гӯшаи намоишӣ меҳмонон тавассути VR айнакҳо, ки сохти Олмон аст ва махсус аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияӽои рақамии назди Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон дастрас карда шудааст, наворҳо, ки дар шакли 360 дараҷа оид ба пиряхҳои Тоҷикистон, хусусан Ванҷях омода шудаанд, пешниӽоди иштирокчиён ва меӽмонони Конфронси байналмилалии сатӽи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо гардонида шуд.

Тавассути VR айнакӽо меӽмонону иштирокдорони ин чорабинии сатҳи баланд худро дар оғӯши манзараӽои ҷолибу нотакрори пиряхҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон эҳсос намуданд. Онҳо аз тамошои зебоиҳои нотакрори кӯҳҳои пиряхпӯшидаи Тоҷикистон, олами бои набототу ҳайвоноти ин кишвари офтобрӯя ба ваҷд омаданд.

Ба андешаи ӽамсуӽбати мо, пешниӽоди ин тарҳи инноватсионӣ муаррифии ҳар чи бештари пиряхҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 2, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд