Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва Роғун сафар кард
ДУШАНБЕ, 18.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми сафар — 17 июн Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва Роғун рафта, занону модарони собиқадор бо сокинон ва афсарону сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ вохӯрию суҳбатҳо доир намуданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокчиёни корвон дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии «Умеди Сафия» шинос шуда, бо сарбозони Қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода вохӯрӣ намуданд. Инчунин осорхонаи шаҳрро тамошо карда, бо фаъолияти китобхонаи марказӣ аз наздик шинос шуданд.
Зимни суҳбат бо сокинони шаҳри Турсунзода иброз гардид, ки занону модарони тоҷик ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили солҳои аввали истиқлол баҳри таҳкими давлати ҷавон талош намуда, дар пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ саҳми босазо гузоштанд. Имрӯзҳо низ занони тоҷик баҳри оромию осудагӣ ва рушди мамлакат дар соҳаҳои гуногун содиқона фаъолият намуда, дар тарбияи насли ояндасоз саҳми беназир мегузоранд. Онҳо дар баробари мардон дар ҷузъу томҳои низомии мамлакат фаъолона хизмат намуда, дар парадҳои ҳарбӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ иштирок менамоянд.
«Таърихи инсоният собит намуд, ки ҷомеа дар ҳама давру замон ба нақши зан ва саҳми онҳо дар рушди ҷамъият ниёз дорад. Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки ба мавқеи зан — модар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ин аст, ки нақши созандаи занону духтарони тоҷик дар ҷомеа эътироф шудааст»,-иброз доштанд занони собиқадор.
Гурӯҳи чоруми Корвони «Модарони ваҳдатсаро», ки дар ин рӯз ба шаҳри Роғун сафар намуданд, бо фаъолияти «Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун» шинос шуданд.
Масъулин иттилоъ доданд, ки дар марказ дар баробари омӯзиши 4 касби соҳаи барқ, ҳамчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ, русӣ ва кореягӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин барои иштирок дар раванди таълим, ба занони таълимгиранда нигоҳубини ройгони кӯдакон ва стипендия пешбинӣ шудааст. Дар дохили бино маркази нигоҳубини кӯдакон таъсис дода шудааст, ки занони касбомӯз кӯдакони худро дар ин марказ гузошта, дар синфхонаҳо дарс меомӯзанд.
Новобаста ба синну сол нафароне, ки хоҳишу завқи соҳибкасб шудан доранд, метавонанд дар ин ҷо ба омӯзиши касбҳои гуногун фаро гирифта шаванд.
Ёдовар мешавем, ки 27 сентябри соли 2024 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун» ифтитоҳ гардид. Марказ аз бинои таълимӣ ва хобгоҳи 4-ошёна бо 130 ҷойи хоб, 8 устохонаи таълимӣ ва биноҳои ёрирасон иборат аст.
Шароити муҳайёгардида дар ин марказ имконият медиҳад, ки то 150 нафар дар як баст ба таълим фаро гирифта шуда, ҳамин тариқ дар як сол беш аз 1800 нафар ба касбомӯзи ҷалб гардад. Марказ аз 10 синфхонаи барҳавои таълимӣ бо 90 компютер, толорҳои таҷрибаомӯзӣ ва бисёрфунксионалӣ, ҳуҷраҳои машваратӣ, санитарию гигиенӣ, маъмурӣ, маҷлисгоҳ бо 135 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Гурӯҳи сеюми Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар шаҳри Ваҳдат ба дидорбинии сарбозони қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, бо онҳо суҳбат намуданд ва бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд.
Зимни суҳбат бо сарбозон модарон иброз доштанд, ки ҷавонони шуҷоъ бояд бо азми дил барои пойдории сулҳу оромӣ ва истиқлолу озодӣ равонаи хизмати Ватан шаванд. Зеро Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор рафта, омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.
«Мо модарон аз шуҷоату мардонагии ҷавонони мамлакат ифтихор менамоем. Зеро фарзандони далери ин Ватан бо сидқу вафо, ҳисси баланди ватандорӣ ва муҳаббат ба хоки муқаддас ба хизмати ҳарбӣ мераванд. Ин ҷавонмардон на танҳо муҳофизони оромии давлат, балки пайравони сазовори гузаштагони далер ва сарбаланди миллати тоҷик мебошанд»-иброз доштанд иштирокдорони Корвони «Модарони ваҳдатсаро».
Ёдовар мешавем, ки Корвони «Модарони Ваҳдатсаро», ки ба он 100 нафар занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ, собиқадорон ва фаъолзанон шомил шудаанд, шуруъ аз 16 июн ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар намуда, бо сокинон оид ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва саҳм гузоштан дар ободию рушди Ватан суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд. Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» то 19 июн идома меёбад.
Корвон ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, дар қисмҳои низомӣ, дар ҷамоатҳо бо сокинони деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо усули «деҳа ба деҳа» ва «хона ба хона» оид ба тарғиби дастоварҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд. Инчунин онҳо мавзеъҳои таърихию –фарҳангии мамлакатро тамошо мекунанд.
Моҳинави НАРВӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






