Махфират Хидирзода: «Ваҳдати миллӣ — ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, ҳаммаромӣ, таҳаммулпазирӣ ва кӯшиш барои ба даст овардани мақсади ягона аст»

Июнь 27, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар забон ва илм баъзе истилоҳот ва вожаҳое ҳастанд, ки маъно ва тафсири онҳо ифодакунандаи вазъи иҷтимоию сиёсӣ, инъикоси воқеияти таърихӣ ва сатҳи ҳамбастагии муносибатҳои мавҷудаи ҷамъиятӣ мебошад. Вожаи «Ваҳдат» аз амсоли онҳост. Маънидодкунии ин калима дар фарҳангҳои гуногун дар тафсирҳои мухталиф омадааст. Вале таҳлили мазмунии онҳо собит месозад, ки маънои ягонаи ҳамаи онҳо мавҷудияти ҳолатест, ки дар ҷомеа ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва якдилӣ ҷой дорад. Чунин иброз доштааст аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор  Махфират Хидирзода дар мақолааш бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Дар идомаи мақола чунин изҳори назар шудааст:

— Ҳамзамон бо ин зарур аст, ки ваҳдат ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ низ маънидод карда шавад. Бо ин маъно ваҳдатро метавон ба сифати «вазъи иҷтимоие, ки дар он ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, эҳтироми якдигар, ҳаммаромӣ, таҳаммулпазирӣ ва кӯшиш барои ба даст овардани мақсади ягона мавҷуд аст» маънидод намуд. Ин ифода имконият медиҳад, ки дар бораи ВАҲДАТ на танҳо ба ҳайси як калимаи маъмулӣ, балки тасаввуроти пурра ва комил ҳамчун зуҳуроти муҳимми ҷамъиятӣ дошта бошем.

Вожаи «Ваҳдат» яке аз вожаҳои серистеъмол дар ҷомеаи муосири мост

Ин маънои онро дорад, ки ин вожа ҳамчун арзиши муҳимми сиёсӣ дар зеҳни ҷомеа мақом пайдо намудааст.

Пас, ваҳдат ҳамчун мафҳум ва зуҳуроти ҷамъиятӣ вазъиятест, ки дар он умумияти манфиатҳои гурӯҳ ва қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ мавқеи меҳварӣ дошта, бартарияти манфиатҳои давлатӣ эътироф карда мешавад.

Тараннуму васфи Ваҳдат, тамоюлҳои ваҳдатгаройиву ваҳдатофарӣ барои ҷомеаи мо аҳаммияти хосса дорад, зеро миллати тоҷик ба дарки мазмун ва моҳияти ин калимаи муҳим дар шароити набудани он сарфаҳм рафт. Парокандагӣ, бенизомӣ, зӯроварӣ, хушунат, беҳокимиятӣ, ки ҷомеаи тоҷикро дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ пайгир буд, собит намуд, ки ин усул ва механизмҳо наметавонанд халқро дар роҳи давлатсозӣ ба мақсад расонанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ваҳдат қобилияти низомсозӣ дошта, имконият медиҳад, ки равандҳои сиёсию иҷтимоии ҷомеа ба маҷрои созандаю солим равона карда шаванд. Низомсозӣ тавассути маҷмуи амалҳои дорои хусусияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ татбиқ гашта, дар натиҷа ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ таъмин карда мешавад.

Дар раванди низомсозӣ заминаҳои таърихӣ аҳаммияти хосса дошта, ба инобат гирифтани таҷриба, анъана, суннат ва арзишҳои давлатдорӣ нақши муҳим бозида, истифодаи хотираи таърихӣ ҷиҳати ташаккули шакли зарурии шуури таърихӣ, ҳувият ва худшиносии миллӣ зарур мебошад.

Сиёсат ҳамчун зуҳуроти фарогири ҷамъиятӣ қодир аст дар заминаи шинохти манфиат ва арзишу мавқеъҳо дар танзими муносибатҳо байни қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ аз василаҳои низомсози ваҳдат истифода барад.

Аҳаммият, мубрамият ва зарурати воқеии ваҳдати миллиро таҷрибаи давлатдории тоҷикон тасдиқ менамояд

Ин раванд дар ҷомеаи мо ба таври хос шакл гирифта, ташаккули онро омилҳои гуногун, аз қабили зарурати иҷтимоию сиёсӣ, таърихию фарҳангӣ, эҳтиёҷоти воқеӣ ба ҳамзистии осоишта ва ниҳоди қавии идоракунию сарварӣ заминагузор гаштанд.

Ташаккули ваҳдат ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ бидуни идоракунии самаранок, роҳнамоӣ, муайян намудани мақсадҳои афзалиятнок, банақшагирии стратегии фаъолият ва ташаббуси шахсӣ номумкин аст. Воқеияти ин гуфтаҳоро раванди шаклгирии ваҳдат дар Тоҷикистон собит месозад.

Воқеаҳои маълуми солҳои 90-уми асри ХХ собит намуданд, ки барои таҳкими давлатдорӣ ва пешрафти он ягонагии мардум, муттаҳидии гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, дарки умумияти мақсадҳо ва кӯшиши ҳамзистии осоишта зарур мебошад. Амалияи ин гуфтаҳоро метавон бо мисолҳои амиқ аз раванди ташаккули ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон собит сохт, ки таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифтааст. Аз ин нуктаи назар ваҳдат ҳамчун консепсияи сиёсие баромад мекунад, ки дар заминаи он раванди ташаккули давлатдории миллӣ дар шароити низоъ ва баромадан аз низоъ, инчунин марҳалаҳои минбаъда амали гардидааст. Эътирофи ваҳдат ҳамчун консепсияи сиёсӣ имкон медиҳад, ки замина ва қонунияту омилҳои ташаккули он, инчунин, таъсири мутақобилаи онҳо ба раванди рушди ҷомеа, ташаккули муносибатҳои нави иҷтимоӣ ва фарҳанги сиёсии ҷомеа муайян карда шаванд.

Раванди ваҳдатофарӣ хусусияти мураккаб дошта, барои амалӣ гаштани он заминаҳои муайяни иҷтимоӣ заруранд

Таҳлили ташаккули ин зуҳурот дар кишвари мо нишон медиҳад, ки яке аз омилҳои муҳимми такондиҳанда дар самти шаклгирии он маҳз талошҳои Сарвари давлат буданд, ки муҳим будани татбиқи ғояи ваҳдатро ба мардуми мамлакат дар замони мураккаби сиёсӣ фаҳмонида, ба он муваффақ гаштанд, ки ҷомеа ба мазмун, моҳият ва мубрамияти он сари вақт сарфаҳм рафтанд. Дар натиҷа, тамоюли ваҳдатгароӣ заминаҳои устувори мафкуравӣ пайдо намуда, таконбахши фаъолияти ҷомеа барои ба даст овардани он гардид.

Заминаи сиёсӣ, ки устуворгардии ҳокимияти қонунӣ, мавқеъ пайдо намудани он дар арсаи байналмилалӣ ва эътирофи қонунмандии он аз ҷониби субъектҳои дигарро дар бар мегирифт, ба сифати неруи муттаҳидкунанда ва сафарбаркунандаи ҷомеа баромад мекард. Ҳокимияти конститутсионӣ дар заминаи арзишҳои муайяни сиёсӣ, ки ҷавобгӯйи талаботи замон ва вазъи сиёсӣ буданд, консепсияи бунёди ваҳдати миллиро ба қолаби муайян дароварда, барои амалӣ намудани он аз василаҳои гуногуни идеологӣ, ташкилӣ ва институтсионалӣ истифода мебурд. Зеро ҳамагон дарк мекарданд, ки ягона василаи ташаккулдиҳандаи неруи миллӣ маҳз ваҳдати миллат аст.

Майлу иродаи мардум ба роҳбари давлат барои расидан ба сулҳу оромӣ неру бахшид

Заминаи иҷтимоию фарҳангӣ, ки эҳёи тафаккури миллӣ ва эҳсоси масъулият ҷиҳати таъмини худнигоҳдорӣ дар шароити мавҷудияти хавфи нестшавиро дар бар мегирифт, унсури қавии маънавие гашт, ки тавонист дар шаклгирии ғоя ва тасаввурот доир ба ваҳдати миллӣ дар мафкураи ҷамъиятӣ инқилоби бузургро ба вуҷуд оварад. Шинохти мансубияти худ ба миллат ва давлатдории миллӣ дар шароити комилан нави сиёсӣ барои ҳар як нафар шаҳрванди кишвар хоҳу нохоҳ вақти муайянро тақозо менамуд, то ин ки ба моҳияти низоми нави арзишӣ ва муносибатҳои ҷамъиятии ташаккулёбанда ба пуррагӣ сарфаҳм равад. Ин раванд, ки ҳамчун раванди ташаккули ҳувияти миллию давлатӣ маҳсуб меёбад, имкон дод, то ҷомеа низ фаъолона ба раванди ваҳдатофарӣ ворид гардида, ҳамчун унсури асосии он дар таҳкими ҳалқаҳои занҷири иҷтимоӣ саҳм гирад. Маҳз дарки таҳдиди бевосита ба ягонагии миллат ва талош баҳри худнигоҳдории он ба сифати омилҳое баромад намуданд, ки заминаҳои маънавии ваҳдати миллиро асос гузоштанд. Вобаста ба ин масъала Пешвои миллат чунин таъкид намуданд, ки: «мехоҳам бо ифтихор хотирнишон созам, ки дар ин раванди мушкилу тақдирсоз, яъне таъмин намудани сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ нақши ҳалкунанда танҳо ба мардуми Тоҷикистон тааллуқ дорад. Зеро фақат майлу иродаи мардуми кишвар ба роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат барои расидан ба ҳадафи ягона дар он айём – таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ неру мебахшид» .

Парокандагии ҷомеа то як дараҷа аҳаммияти ягонагию ҳувияти миллиро баланд бардошт

Ҷомеа эҳсос мекард, ки агар худ дар талоши сарҷамъӣ набошанд, қувваҳои гуногун метавонанд кишварро ба мушкилиҳои печидатар мувоҷеҳ гардонанд. Дар натиҷа чунин арзишҳо, аз қабили сулҳ, оштӣ, таҳаммулпазирӣ, ягонагӣ ва ҳамбастагии миллӣ аҳаммияти бештар пайдо намуданд.

Бояд иброз намуд, ки такондиҳандаи шаклгирӣ ва таҳкиму татбиқи заминаҳои таъкидгардида маҳз омили инсонӣ буд, ки инъикоси худро дар тақвияти мавқеи шахсият дар ҷомеа ва устуворгардии ниҳоди Сарварии сиёсӣ меёфт. Дар марҳалаи мураккаби сиёсӣ маҳз шахсияти бузурги таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҳамчун неруи рӯҳбаландкунанда ва сафарбаркунандаи ҷомеа масири дурусти рушди минбаъдаро муайян ва ҷомеаро ба он ҳидоят намояд.

Татбиқи ғояҳои ваҳдат ва ягонагӣ имкон доданд, ки дар консепсияи идоракунии давлатии нав такя ба арзишҳои он мақоми хос пайдо намояд. Дар натиҷа, дар мактаби идоракунии Пешвои миллат он ҳамчун самти афзалиятнок эътироф гашт. Таъмини ваҳдат ва суботи сартосарӣ, ягонагӣ ва ҳамбастагии ҷомеа ҳамчун манфиатҳои миллию давлатии ҳаётан муҳим муайянкунандаи самтҳои фаъолият ва афзалиятҳои рушд дар ҷомеа ва сиёсати давлат мавқеъ пайдо намуданд.

Тарҳи нави сулҳофарӣ, ки ба таҳаммулпазирӣ асос ёфта буд, ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид

Дарки фалсафаи ваҳдат ҳамчун зуҳуроти ифодакунандаи манфиатҳои кулли ҷомеа имкон дод, ки дар наҷоти миллат ва давлатдории миллӣ, ки дар рӯбарӯйи хатари бузурги нестшавӣ қарор гирифта буд, муваффақиятҳои таърихӣ ба даст оварда шаванд. Ҳикмати ҳамзистӣ, муҳаббат ба сарзамину бародарони ҳамхуни худ, эътирофи ягонагии решаҳои таърихӣ ва мансубияти худ ба ин умумият, ҷавҳари ҳувиятсози ваҳдатро қувват бахшид. Аз ин нуктаи назар Ваҳдат ҳамчун унсури муҳимми маърифатӣ дар раванди таҳкими худшиносии миллӣ гашт. Тақвияти пояҳои давлатдорӣ дар заминаи худшиносии миллӣ омили муҳиммест, ки тавассути он ба даст овардани мақсадҳои асосӣ дар масири рушди минбаъдаи кишвар имконпазир гардид.

Барои шинохти Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва миллати тоҷик ҳамчун миллати давлатдору соҳибтамаддун заминаи устувор фароҳам оварда шуда, таҷрибаи ҷаҳонӣ тавассути модели нави сулҳофарӣ, ки дар Тоҷикистон амалӣ гашт, дар роҳи ҳалли низоъҳои давомдори мавҷуда соҳиби боз як технологияи нав шуд. Бо ин васила тарҳи нави сулҳофарӣ, ки ба созиш, бахшиш, гузашт ва таҳаммулпазирӣ асос ёфта буд, ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.

Дар мафкура ва шуури ҷамъиятӣ таҳаввулоти ҷиддии арзишӣ ба вуҷуд омад

Тавассути ташаккули системаи нави арзишҳои сиёсӣ, ки барои шаклгирии фарҳанги сулҳ дар ҷомеаи парешонгаштаи тоҷик асос гузошт, дар муносибатҳои мавҷудаи ҷамъиятӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Фаҳмиш ва дарки ҷомеа доир ба зуҳуроту падидаҳое, ки дар ҷомеа рӯй медоданд, комилан дигар гашта, таҳаммулпазирии сиёсию эътиқодӣ мунтазам устувор гашт.

Натиҷаи татбиқи амалии ғояҳои ваҳдат ва талошҳои ваҳдатофарии Пешвои муаззами миллат буд, ки масъалаҳои ҳаётан муҳимми барои тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ аҳаммияти меҳваридошта, аз қабили муайян ва марҳала ба марҳала татбиқ намудани ҳадафҳои стратегӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум ва ба масири рушди устувор баровардани кишвар ҳалли худро ёфта истодаанд.

Саҳмгузорӣ дар ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти глобалӣ барои таъмини ваҳдати сартосарӣ мебошад

Саҳмгузорӣ дар ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти глобалӣ, аз ҷумла обу иқлим, воқеан ҳам нишонаи талоши Пешвои миллат баҳри таъмини ваҳдати сартосарӣ мебошад. Хусусан ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар масъалаи об боиси эътирофи ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамчун кишвари фаъол дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ гардида, кӯшишҳо баҳри пешгирӣ аз низоъ ва ихтилофоти эҳтимолии дар ин замина ба вуҷудоянда ифодаи талош баҳри нигоҳ доштани инсоният ва кишварҳо дар шароити мувозинати сиёсию экологӣ мебошад.

Ҳамзамон бо ин, ба инобат бояд гирифт, ки зуҳуроти ваҳдат чун дигар зуҳуроти ҷамъиятӣ дар шароити муосири ҷаҳонӣ метавонад осебпазир бошад, зеро он хусусияти рушдёбанда дошта, тағйирпазирии иҷтимоӣ ба он хос аст. Таҷрибаи сиёсӣ нишон медиҳад, ки омилҳои гуногуни таъсиррасон ба ваҳдати миллӣ ҷой доранд. Вазъи муосири ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки ҳар як фарди худшиносу худогоҳ барои ҳифзи дастовардҳои ваҳдату ягонагӣ дар кишвар талош намояд, зеро ваҳдати ҷомеа аз ваҳдати шахсони алоҳида оғоз мегардад.

Таъкидҳои доимии Пешвои миллат барои таҳкими ваҳдати миллӣ хеле муҳиманд

Таъкидҳои доимии Пешвои муаззами миллат дар масъалаи таҳкими ҳувият ва худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстию ватанхоҳӣ, ифтихори миллӣ омилҳои муҳимме мебошанд, ки баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ хеле муҳиманд.

Масъалаи дигаре, ки аз ҷониби Президенти мамлакат пайваста таъкид мешавад, сабақ бардоштан аз бурду бохти таърих аст. Таърихи даврони соҳибистиқлолии мо ба мо, насли имрӯза, сабақи садсоларо додааст. Сабақи талхи ҷанги шаҳрвандӣ моро водор мекунад, ки ҳар қадами минбаъдаи худро дар масири давлатсозӣ дониста ва санҷида гузорем, зеро сӯзонидан осон аст, бунёд кардан заҳмати зиёдро талаб мекунад.

Вазъи ҷаҳони муосир ва раванду тамоюлҳо метавонанд сатҳи осебпазирии ваҳдати миллиро баланд бардоранд

Ҳамчунин, вазъи ҷаҳони муосир ва раванду тамоюлҳои дар он идомадошта метавонанд сатҳи осебпазирии ваҳдати миллиро баланд бардоранд. Талошҳои абарқудратҳо баҳри васеъ намудани доираи таъсири худ, авҷ гирифтани набардҳои иттилоотию идеологӣ, таҳмили арзиш ва меъёру қоидаҳои бегона омилҳое мебошанд, ки мафкураи ҷамъиятиро осебпазир мегардонанд. Вобаста ба ин, тақвияти амалҳо дар самти устуворгардонии мафкуравӣ ва муқовимати самараноки иттилоотию идеологӣ дар роҳи таъмини устувории ваҳдати миллӣ амри зарурӣ мебошад.

Тарҳи муосири давлатдории миллӣ ба ғояи Ваҳдат ҳамчун ғояи низомсоз такя мекунад

Тарҳи муосири давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст, ба ғояи Ваҳдат ҳамчун ғояи низомсоз такя мекунад. Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба 24-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ иброз доштанд, ки: «имрӯз ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳимми ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва масъалаи ваҳдату ягонагӣ даркору фаъолияти давлат ва ҳар як фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд. Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки амалӣ гардидани ҳамаи омолу орзу ва нақшаву ниятҳои ҳар фарди ҷомеа, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз ба сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад».

Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои суботи сиёсӣ, ки амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар он таъмин аст, барои таъмини рушди ҳамаҷонибаи худ дорои имкониятҳои бузург мебошад. Созмону ташкилотҳои гуногуни ҷаҳонӣ дар самти амният кишвари мо ва пойтахти он шаҳри Душанберо борҳо ба қатори кишварҳои амн, пойтахти амн ва сулҳ ворид намудаанд. Ин ҳам ифодаи устувории ваҳдат ва ягонагӣ дар ҷомеа аст, ки қудрати муқовиматпазириро ба таҳдиду хатарҳои беруна соҳиб мебошад.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари дар масири рушди устувор қарордошта, барои ба даст овардани ҳадафҳои гузоштаи худ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст. Фақат дар заминаи ваҳдати устувор ва ягонагии ҷомеа то ба мақсади ниҳоӣ расидани ҷомеа имконпазир мебошад.

 

Июнь 27, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗЕРБИНОИ РУШДУ ОСОИШТАГӢ. Бо кӯшишҳои хастагинопазири Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ ва кишвар обод гардид
Ваҳдати миллӣ — кафили сулҳу суботи Тоҷикистон
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Тарбияи насли нави ваҳдатофару ваҳдатсаро аз омӯзгорон – меъморони руҳи инсон вобаста аст»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Маҳз Ваҳдати миллӣ — рукни асосӣ ва муҳим давлати тозаистиқлоли тоҷиконро таҳким бахшид
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Дилбар Одилзода: «Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд»
Муовини якуми Раиси ҲХДТ: «Аз ваҳдати миллӣ садҳо ғояҳои бунёдкорӣ ба вуҷуд омада, Тоҷикистон ба гулистон табдил ёфт»
Дарк кардани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарини ҷомеа мебошад