Марҳалаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» доир гардид

Июнь 25, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 25.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Марҳалаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Озмун барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду марҳала иборат аст. Марҳилаи аввали онро барои дараҷаи бакалавр ва мутахассис Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли тест ва марҳилаи баъдиро аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ дар шакли суҳбат баргузор мекунанд.

Имсол тибқи маълумоти пешниҳодкардаи Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»,  барои иштирок дар озмуни мазкур 469 нафар вобаста ба 4 гурӯҳи ихтисосҳо – 1-ум (табиӣ ва техникӣ), 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 5-ум (тиб, биология ва варзиш) ҳуҷҷат супорида буданд.

Довталабоне, ки дар марҳалаи якум ва дуюми озмуни Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» муваффақ мегарданд, аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсил мекунанд.

АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 25, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд