Маркази миллии тестӣ ба кадом гурӯҳи довталабон имтиёз медиҳад?
ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол ба довталабони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки ба гурӯҳи шахсони имтиёздор дохил мешаванд, аз 150 то 50 бал ба натиҷаи имтиҳонҳояшон илова мегардад. Пас киҳо ба гурӯҳи шахсони имтиёздор дохил мегарданд? Барои бархӯрдор гардидан аз ин имтиёз кадом ҳуҷҷатҳо талаб карда мешавад?
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ба ин саволҳо масъулини Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон посух доданд.
Довталабоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба гурӯҳҳои соҳибимтиёз дохил мешаванд, бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи худро то 1 июл ба Марказ пешниҳод намоянд. Инчунин нафароне, ки то 20 июни имсол ба синни 18 расидаанд, барои муайян кардани гурӯҳи маъюбиашон бояд аз муоинаи тиббии навбатӣ гузашта, маълумотномаи маъюбӣ пешниҳод кунанд.
Агар довталаб ба яке аз гурӯҳҳои шахсони дорои ҳуқуқ ба гирифтани имтиёз дохил бошад ё бо сабаби дигар баъд аз бақайдгирӣ ба чунин гурӯҳ дохил шуда бошад, барои гирифтани имтиёз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро бояд на дертар аз 1 июл пешниҳод намояд.
Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 150 бал илова мешавад, инҳо ятимон (бе падару модар) ва бепарасторони то 22-сола (яъне, ба синни 22 нарасида) ва маъюбони гурӯҳҳои 1, 2 ва «кӯдакони маъюб» мебошанд.
Инчунин ба нафароне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 100 бал илова мешавад, инҳо фарзандони ба синни 22 нарасидаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидаанд, ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидаанд, ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба ғайр аз озмунҳои фосилавӣ), ки соҳиби медал барои ҷойи 1-ум шудаанд, ғолибони озмуну фестивалҳои бадеӣ ва эҷодии байналмилалии соҳаи фарҳанг ва санъат бо тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон илова карда мешаванд. Инчунин нафароне, ки дорандаи унвони «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пешниҳод менамояд, аз ин имтиёз бархурдор мешаванд.
Маркази мили тестӣ ба шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 75 бал илова менамояд, инҳо ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба ғайр аз озмунҳои фосилавӣ), ки соҳиби медал барои ҷойи 2-юм гаштаанд, ғолибони озмуну фестивалҳои бадеӣ ва эҷодии ҷумҳуриявии соҳаи фарҳанг ва санъат бо тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандагони унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва довталабоне, ки 2 соли пурра хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаанд, мебошанд.
Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 50 бал илова мешавад, инҳо ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба ғайр аз озмунҳои фосилавӣ), ки соҳиби медал барои ҷойи 3- юм шудаанд ва дорандагони дараҷаи «Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳастанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






